Дар баробари чанд ҳизбу гурӯҳҳои сиёсие, ки аз ширкат дар интихобот худдорӣ ё онро таҳрим карданд, бархе аз мардуми оддӣ ҳам мегӯянд, дар интихоботи президентӣ ширкат накардаанд.
Гурӯҳе аз онҳо ба сурати ошкор мухолифати худро изҳор дошта, мегуфтанд, ҳоҷати ба ин интихобот рафтани онҳо набуд, зеро интихобот ба як маъракаи масхара табдил ёфтааст. Соро Очилова, сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, «нарафтани ман чанд сабаб дорад. Аввал ин ки интихобот демократӣ нест, дуюмаш, на тарафдори президенти кунуниам ва на тарафдори он номзадҳои кисагӣ.» Ба назари хонум Очилова, интихоботе, ки рӯзи 6 ноябр баргузор шуд, натиҷааш аз пеш маълум буд.
Иддае дигар мегуфтанд, ки агар номзадии Ойниҳол Бобоназарова номнавис мешуд, ҳатман дар интихобот ширкат мекарданд ва ба ҷонибдории ӯ овоз медоданд. Ба назари онҳо, чун миёни номзадҳои сабтшуда номзади дилхоҳашон нест, рафтан ба интихобот барояшон дигар маъное надорад.
Умед Расулов, як ҷавони донишҷӯ гуфт, «баъди он ки номзади мухолифон аз сабқат берун шуд, ман ба номзадҳои дигар умед надоштам.»
Бархе ҳамсӯҳбатони мо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, аслан майли чандоне ба чунин маъракаҳо надоранд, чун бо ширкат кардан ва ё накардани онҳо на дар ҷумҳурӣ ва на дар зиндагии хусусиашон чизе тағйир намеёбад ва боз ҳам "ризқашонро Худо медиҳад," на давлат ё президент.
Аммо як гурӯҳи мардум ба ин сабаб натавонистаанд дар интихобот ширкат кунанд, ки ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзӣ аз шаҳру ноҳияҳо ба Душанбе омадаанд ва дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, чун дар шаҳри Душанбе сабти ном нашудаанд, даъватнома ҳам нагирифтаанд ва ба ин иллат натавонистанд ба ҷонибдории номзадии дилхоҳашон раъй диҳанд.
Гулнора Бозорова, як донишҷӯи тоҷик, ки дар шаҳри Душанбе дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад, мегӯяд, имсол мебоист барои аввалин бор дар интихобот ширкат мекард, аммо ба далели дар қайди шаҳр набуданаш натавонист ин хостаашро ба амал биоварад. Гулнора гуфт, «хонаамон дур аст, дар Ғарм, барои ҳамин ба интихобот рафта натавонистам».
Аммо тавре мушоҳидаҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ба ҷои шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногун наметавонистанд дар интихобот ширкат кунанд, наздикони онҳо бо чанд даъватнома ба қитъаҳои раъйдиҳӣ омада, овоз доданд. Ҳарчанд ин амал хилофи қонун аст, масъулони баъзе қитъаҳои раъйдиҳӣ ба он мухолифат намекарданд, зеро дар акси ҳол иҷро кардани «нақша» ва таъмини фоизҳои баланди мушорикати мардум дар интихоботҳои Тоҷикистон амре муҳол аст. Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилоъи расмии Куммиссиюни марказии интихобот, алакай то соати дуи рӯз 68 дарсади мардум овоз додаанд.