Пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназарова баҳсеро дар ҷомиаи Тоҷикистон доман задааст, ки оё як зан метавонад дар ҷомиаи суннатан мардсолоре, чун ҷомиаи ин кишвар, ба мақоми раёсат бирасад?
Хонум Бобоназарова нахустин зан дар таърихи Тоҷикистон аст, ки муддаии курсии раёсати ин ҷумҳурӣ шудааст. Дар интихоботи соли 2006 Ҳуриннисо Ғафурзода, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи занони тоҷик низ ният дошт, то барои намуна додан ба дигарон номзадиашро бигузорад, вале муваффақ нашуд. Акнун бо пешбарии Бобоназарова чунин ба назар мерасад, ки бархе доираҳо мехоҳанд аз ин омил, яъне зан будани номзад, бо нохун задан ба боварҳои суннатии ҷомиа алайҳи ӯ таблиғ кунанд. Вале тавре мегӯянд, шамол бояд бошад, ки дарахт биҷунбад.
Ихтилоф бар сари номзад шудани як зан ва он ҳам аз тарафи як ҳизби исломӣ ҳатто дар миёни аъзо ва ҳаводорони ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ), муаллифи асосии ибтикори пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи нирӯҳои мухолиф, баҳсҳои гармеро ба по кардааст.
Гурӯҳе аз ҳаводорони ҲНИТ пешбариии як зан ба мақоми раисҷумҳурро ҳатто хилофи меъёрҳои дини ислом унвон кардаанд.
Абдуманнони Шералӣ, узви ҲНИТ аз ноҳияи Ашт мегӯяд, 30 узви ин ҳизб аз муҳоҷирати корӣ дар Русия нома задаанд, ки ҳизб тасмимаш дар мавриди пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназароваро бозбинӣ кунад ва боиси бохти ин умдатарин ташаккули мухолифин дар интихобот нашавад: «Он гурӯҳи консервативӣ гуфтаанд, ки дар сурати номзад шудани муаллима Бобоназарова онҳо ҷуръати онро надоранд, ки ба назди мардум раванд ва шарм мекунанд, ки онҳоро ба ҷонибдорӣ аз як номзади зан даъват кунанд».
Аммо коршиноси тоҷик Зафари Мирзоён бархӯрди баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ ба номзадии Ойниҳол Бобоназароваро танқид кард ва гуфт:«Он ки биҳиштро зери қудуми модарон мегӯянд, сатҳист ва дар воқеият занон дар олами олами ислом ҳеҷ мавқее надоштанд. Баръакс пеш аз ислом мақоми зан баланд буд.» Зафари Мирзоён афзуд ки маниши исломгароёна занҳоро, ки 50 дар сади ҷомеаанд, маҳдуд кардааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки мегӯяд агарчӣ тасмими пешбарии як зан барои сабқат дар интихоботи президентӣ барои ҳизб осон ба даст наомадааст, вале ин тасмим як ҳақиқатро ошкор кард, ки мухолифони иштироки як зан дар интихобот дар байни қишри дунявии Тоҷикистон бештар аз исломиҳо будааст.
Мухолифати ин гурӯҳи ҷомеа дар ҳолест, ки яке аз рӯҳониёни маъруф Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода на танҳо номзадии Ойниҳол Бобоназароваро пуштибонӣ кард, балки шахси боэътимоди ӯ дар корзори интихоботӣ эълон шуда ва аз нигоҳи ислом раҳбари давлат будани занро дуруст шумурд. Ҷаноби Тӯраҷонзода дар анҷумани ҲНИТ гуфт, «дар ҷомеае, ки президент аз ҳукумати қонунгузор ва додгоҳ ҷудо аст ва боз хусусан, дар асоси консепсияе, ки ИНИТ пешниҳод кардааст, президент аз вазифаи раиси ҳукумат бояд даст кашад, зан ҳақ дорад, сардори давлат шавад. Мо занро дар Тоҷикистони дунявӣ ва демократӣ интихоб мекунем. Мо занро дар давлати исломӣ интихоб намекунем.»
Аммо рӯҳониёни дигар даъво доранд, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар ҳадиси пайғамбар омадааст, ки бояд мард раҳбар бошад, на зан. Қобилҷон Боев, собиқ мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, дар Қуръон омадааст, ки мардҳо болои занҳо подшоҳ ҳастанд: «Агар ҳукуматро ба дасти зан додан мумкин мебуд, Худованд ягон паёмбарро аз ҷумлаи занон мекард. Дар ҳадиси Паёмбар омадааст, ки вақте амр ба дасти занҳо шуд, мардҳоро аз рӯи замин будан зери замин буданашон беҳтар аст.»
Ойниҳол Бобоназарова, ки ба таври ғайриинтизор дар саҳнаи пешазинтихоботӣ зоҳир ва аз тарафи ҳизби исломӣ номзад пешбарӣ шуд, дар посух ба ин гуна эътирозҳо дар як сӯҳбати вежааш ба Озодӣ гуфт, ки мехоҳад қолабҳои қадимии бархӯрди номуносиб ба занро низ бишиканад. Бобоназарова афзуд, «Аз он ки ба зан будани ман эътироз мекунанд, чизе иваз намешаванд. Мехоҳам овоздиҳанда маро ҳамчун шахсият бишиносад. Бисёр мехоҳам, ки мардҳо бештар аз занҳо ба ман овоз бидиҳанд."
Аз рӯи Қонуни асосиаш, Тоҷикистон як кишвари дунявӣ аст, ки баробарии ҳуқуқи зану мардро дар банди махсус тазмин кардааст. Аммо иштироки занҳо дар ҳаёти сиёсӣ ба ҳадди кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ, мисли Қирғизистон ва Русия чашмгир нест. Ҳукумат ба сурати умум мардсолор аст ва ин шеваро ба сари ҷомеа низ таҳмил кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки мавқеъи баъзе рӯҳониён дар заминаи хилофи дини Ислом будани «подшоҳӣ»-и зан рӯи ҷомеъаи Тоҷикистон, махсусан манотиқи консервативии кишвар чӣ таъсир хоҳад дошт, аммо нозирон бар ин назаранд, ки технократҳои ҳукумат метавонанд ин ақоидро бар зидди Ойниҳол Бобоназарова истифода кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад