Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 2-юми сентябр ба хабаргузории русии “ТАСС” гуфтааст, тағйирот дар қонуни муҳоҷирати Русияро қабул дорад, аммо аз ҳамтоёни худ мехоҳад, ин қонун тавре амалӣ шавад, ки “муҳоҷирони одӣ ва поквиҷдон азият накашанд".
"Зарурати муқаррар шудани тартиботро дар соҳаи муҳоҷирати Русия дарк мекунам ва ин амалро дастгирӣ менамоям. Медонед, ки бисёриҳо бе донистани забони русӣ, бо кадом роҳе ин сертификатҳоро (дар Русия) харидаанд. Ин ҳолатҳо буданд, вале бояд ин ҳамаро бо фикру андеша анҷом дод,” – гуфт вай.
Ин мақомдори тоҷик бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, тағйирот дар қонунгузорӣ набояд бар зарари шаҳрвандоне анҷом шавад, ки дар ҳудуди Русия қонунӣ фаъолият доранд ва тамоми меъёрҳои қонунгузориро риоя мекунанд.
“Мардуми одӣ азият мекашанд, онҳое, ки дар воқеъ барои кор кардан омада, содиқона дар асоси патент ё иҷозатнома кор мекунанд,” -- гила кардааст муовини вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон.
Шаҳноза Нодирӣ афзудааст, муҳоҷирати корӣ на танҳо ба фоидаи Тоҷикистон, балки ба манфиати кишваре ҳам ҳаст, ки муҳоҷирон дар он меҳнат мекунанд. Ба иттилои вай, зиёда аз 60 дар сади муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав кор мекунанд, ки пули иҷозатномаи корӣ дар онҷо 7,5 ҳазор рубл аст.
“Агар ба ҳисоби умумӣ бигирем, ҳар моҳ ба буҷаи Маскав ва вилояти Маскав пули бисёр зиёд ворид мешавад,” – гуфтааст Нодирӣ ва илова кардааст, ки муҳоҷирон қисме аз даромади худро дар ҳамин кишвар харҷ мекунанд.
Баъд аз ҳамла ба толори консертии “Крокус” муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зери фишор ва озору азият қарор гирифтанд. Мақомоти ин кишвар қонуну қоидаҳоро барои будубоши муҳоҷирон сахт ва кори онҳоро дар баъзе аз соҳаҳоро пурра манъ карданд.
Танҳо дар 6 моҳи соли 2024 ҳукумати Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ 176 ҳазор бор амалиёт ё рейд гузаронида, 92 ҳазор нафарро аз кишвар ронданд ва ба 150 ҳазор нафари дигар иҷозаи вуруд надоданд. Аксар муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки бе ягон сабаб ва бо вуҷуди доштани тамоми санадҳо аз Русия ронда шудаанд.