Манбаъ: Тарҳи қонуни афв таҳия шудааст

Акс аз бойгонӣ.

Ба иттилои як манбаи огоҳ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон, тарҳи қонуни афв таҳия шуда, барои тасдиқ ба раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, тарҳи қонуни афв моҳи ноябр аз сӯи як гуруҳе таҳия шуд, ки намояндагони ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳии кишвар ба он шомил буданд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, эълони қонуни афв салоҳияти истисноии президент аст ва то Эмомалӣ Раҳмон қонунро ба порлумон нафиристад, касе расман ҳаққи суҳбат дар бораи онро надорад.

Манбаъ аз суҳбат дар бораи ҷузъиёти ин лоиҳа худдорӣ кард, чун ба гуфтааш, "мумкин аст дар Дастгоҳи президент ба ин тарҳ тағйиру илова ворид кунанд".

Қаблан наздикони баъзе аз маҳбусон ба нақл аз пайвандони зиндонии худ гуфта буданд, ки эҳтимол бахшида ба 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон афв эълон шавад.

Аммо то ҳол лоиҳаи ин қонун аз сӯи президент тасдиқ нашудааст ва далелаш ҳам маълум нест.

Дар Тоҷикистон бори охир моҳи сентябри соли 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, қонуни афв қабул гардид.

Тибқи он, ёздаҳуним ҳазор нафар аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо озод гардиданд. Дар умум ин қонун нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ шуд.