Ин ниҳод 27-уми май бо фиристодани огоҳинома имомҳоро дар Узбекистон вазифадор кардааст, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ надароянд ва навиштаву наворҳои дигаронро дар Интернет написанданд.
“Вазифаи навбатии мо ворид нашудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Мо инро сахт назорат мекунем. Ин ба онҳое ҳам дахл дорад, ки ҳаҷ мекунанд. Ҳамчунин набояд зери навиштае дар шабакаҳои иҷтимоӣ “лайк” гузошта шавад,” -- омадааст дар паёми савтии муовини имомхатиби шаҳри Тошканд Эргаш Рустамов.
Имоми яке аз масҷидҳои Тошканд ба шарти фош нашудани ном гуфт, манъи воридшавии онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ нақзи озодии баён аст. “Мегӯянд, ин фармони муфтии Узбекистон аст. Дасту пойи моро мебанданд,” -- афзуд ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ.
Пештар аз имомон ва муовинони онҳо дар Узбекистон талаб шуда буд, ки шиносномаҳои хориҷиашонро ба Раёсати маънавии мусалмонони кишвар супоранд. Сабаби ин тасмим низ шарҳ дода нашуда буд.