Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 8-уми май аз тарҳи иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим пуштибонӣ кардаанд. Тафсилоташ рӯзи 11-уми май расонаӣ шуд. Яке аз иловаҳо манъи идгардаки кӯдакон аст.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, ҳангоми муаррифии тарҳ дар ҳузури вакилон сабаби тасмимро ба таври мухтасар "тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини амнияти онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон" номидааст. Радиои Озодӣ хоҳони шарҳи бештари масъала шуд. Масъулони Кумитаи дин ваъда доданд, ки танҳо баъд аз ниҳоӣ шудани қонун ва нашраш дар матбуоти расмӣ масъаларо шарҳ хоҳанд дод.
Як вакили Маҷлиси Намояндагон бе зикри номаш гуфт, “ҳар кас ҳар хел гап мезанад, аммо мақсад ин аст, ки кӯдак беназорат дар кӯча нагардад. Зери назорати волидон бошад.”
Ин намояндаи порлумон гуфт, риоят накардани талаботи қонун ё ба идгардак баромадани кӯдакон дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон барои волидон муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ кардааст, аммо ҷузъиёт надод.
“Лаҳзаҳои ширинро аз кӯдакон нагиред”
Манъи идгардаки кӯдакон сабаби вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Корбаре бо номи Бахтовар дар “Фейсбук” навишт, “лаҳзаҳои ширинро аз кӯдакон нагиред”.
Корбари дигаре афзудааст, “фикр мекунам, кори дуруст аст, зеро дар шаҳрҳо бе ному нишон гаштани кӯдакон бисёр шудааст. Зери мошин мондан ё фоҷиаҳои дигар ҳам ҳаст. Идгардак низ метавонад таъсире расонад. Кӯдакони 4-5 ҳамсоя ба хонаи ҳамдигар бо волидайн раванд, беҳтар.”
“Кори хуб, аммо намешавад маршировкаро ҳам манъ кунанд? Охир, ин ҳам ба насли ҷавон зарар дорад. Моҳҳо аз дарсу таълим дур мемонанд. Дар идгардак як рӯз ба дарс намераванд, аммо дар маршировка моҳҳо ба дарс намераванд, магар ин фоидаовар аст?" – пурсидааст корбаре бо номи Ҷамшед Олимов.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе рӯзи 15-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мухолифати худро ба манъи идгардаки кӯдакон баён карданд. “Идгардак як шодиву хурсандии кӯдакон аст. Манъ ҳам кунӣ, боз мебароянд. Кӯдакон ин рӯзро моҳҳо мунтазир мешаванд,” – гуфт яке аз онҳо.
Роҳгузари дигаре посух дод, ки “идгардаки кӯдакон ягон бадӣ надорад. Ид барои кӯдак аст, лекин танҳои барои таълиму тарбия аз идгардаки кӯдакон худдорӣ кунем, беҳтар аст. Барои бехатарияшон."
“Фақат хоси тоҷикон нест”
Ҳарчанд кӯдакон дар рӯзҳои Иди Фитр ва Қурбон, ду иди мусулмонӣ, идгардак мекунанд, баъзе аз коршиносон бар инанд, ки чунин амал ба дин рабт надорад ва он ба тарбияи кӯдакон низ наметавонад таъсири манфӣ расонад.
Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси умури динӣ, рӯзи 15-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, идгардаки кӯдакон дар маҷмуъ бархоста аз оёту ривоёти динӣ набуда, як масъалаи урфу одатист:
“Ин фақат хоси мо, тоҷикон, нест. Дар хеле ҷойҳои дигар хеле масоиле ҳастанд, ки онҳо ҳам дар маросими динӣ анҷом мешаванд, вале хоси ҳамон минтақа, ҳамон кишвар, ҳамон мардум ҳастанд, ки ҷойи дигаре дида намешаванд ва ин ба лиҳози шаръӣ мушкиле надорад. Дар шариат эҳтироми урфу одати мардум як амри пазируфташуда аст.”
Баҳси идгардак кардан ё накардани кӯдакон чанд сол боз дар Тоҷикистон идома дорад. Ин мавзуъ дар аввали моҳи апрели имсол баъд аз расонаӣ шудани як номаи Вазорати маориф ба мактабҳои кишвар бештар доғ шуд. Ин ниҳод омӯзгорони мактабҳоро вазифадор карда буд, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани идгардак чора ҷӯянд.
"...маросим ё анъанаи идгардак, ки дар идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолону кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад, хоси мо нест," – гуфта буданд дар дастуре, ки рӯзи 5-уми апрел аз номи Вазорати маориф расонаӣ шуд.
Иди Фитр ва Қурбон, ду иди мусулмонист, ки дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо ва сипас зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.