Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шодии кӯдаконро нагиред". Дастури вазорат дар бораи идгардак баҳс барангехт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи манъи идгардаки кӯдакон баҳси доғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Ин ниҳод дар номаи расмӣ омӯзгорони мактабҳоро вазифадор кардааст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани идгардак чора ҷӯянд. Танбеҳи волидон яке аз чораҳо номбар шудааст.

Чунин паём сокини шаҳри Душанбе Олима Муродоваро нороҳат кардааст. Вай ҷонибдори идгардаки кӯдакон аст ва мехоҳад хурдсолон аз ин хурсандӣ маҳрум нашаванд.

"Муаллимон дар гурӯҳҳои онлайнӣ навиштанд, ки ба идгардак рафтани кӯдакон мумкин нест. Ба мо гуфтанд, кӯдаконро ба идгардак нафиристед. Бачаҳо бисёр зиқ шуданд," – афзуд ӯ.

Кӣ дастур дод?

Омӯзгорон мегӯянд, онҳо аз пеши худ чунин паёмро ба волидон нарасониданд, балки дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро иҷро карданд. Дар вазорат нахостанд мавзуъро ба таври расмӣ шарҳ диҳанд.

Як масъули Вазорати маориф рӯзи 9-уми апрел кӯтоҳ ҷавоб дод, ки барои пешгирӣ аз сар задани ҳар гуна ҷиноят миёни наврасону ҷавонон шифоҳӣ (даҳонӣ) дастур додаанд, ки омӯзгорон дар мактаб "корҳои фаҳмондадиҳӣ" гузаронанд.

Дар дастуре, ки аз номи Вазорати маориф рӯзи 5-уми апрели имсол расонаӣ шуд, навиштаанд, ки "...маросим ё анъанаи идгардак, ки дар идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолону кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад, хоси мо нест..."

Фарҳангшинос Файзиддин Давлатёров мегӯяд, идгардаки кӯдакон хилофи урфу одат ё фарҳанги миллии тоҷикон набуда, баръакс, чунин амал меҳру муҳаббатро миёни одамон бештар мекунад. Ӯ рӯзи 8-уми апрел гуфт, ҷонибдори идгардаки кӯдакон аст, вале ҳамзамон хост падару модарон фарзандонро беназорат нагузоранд:

"Умуман, дар рӯзҳои ид туҳфа додан ба якдигар, сухани неку хурсандӣ бахшидан аз азал дар мардуми тоҷик буд. Пас аз зуҳури ислом низ ин анъанаҳои неки тоҷикӣ идома ёфт. Аз ҷумла, ба хонаи якдигар рафтан, ба меҳмони даъват кардан ва ё туҳфа додан ба кӯдакон."

Видеоро дар инҷо бинед:

Баҳси идгардак дар Тоҷикистон дигарбора ҷанҷолӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Бошад ё набошад?

Рӯзи 10-уми апрел дар Тоҷикистон Иди Рамазон ё Фитр таҷлил мегардад. Чанд рӯз боз идгардаки кӯдакон аз мавзуъҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад.

Шоираи Раҳимҷон, шоир ва оҳангсоз, дар Фейсбук навиштааст, ки аз хабари манъи идгардак ҷиянҳояш садамаи сахти рӯҳӣ гирифтанд ва пурсидааст, ки ин идеяи кӣ буд? "Шодии якрӯзаи кӯдаконро баргардонед!!! Убол аст!" – навиштааст ӯ.

Хуршед Саломиён, корбари дигаре нигоштааст, ки "чаро падару модар ба кӯдак намефаҳмонанд, ки ин "идгардак" як анъанаи ба фарҳанги мо бегона аст?"

Яке аз кӯчаҳои Душанбе
Яке аз кӯчаҳои Душанбе

Рӯзи 8-уми апрел пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи идгардаки кӯдакон назарҳои гуногун доранд. Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “идгардаки кӯдакон бигзор бошад. Бачаҳо бароянд, ид кунанд, тамошо кунанд. Идгардак дар як сол як маротиба мешавад”.

“Дар хурдӣ дӯст медоштам, ки ба идгардак раваму қанд бигирам. Дертар хоҳару бародаронамро мебурдам. Хуб мешуд, ки кӯдакон ҳамроҳи шахсони бузургтар, масалан хоҳару бародаронашон раванд,” -- посух дод роҳгузари дигаре.

Мусоҳиби дигари мо афзуд, “идгардаки кӯдакон набошад беҳтар аст. Барои баъзе аз одамон нороҳатӣ меоварад. Барои ҳамин, ба будани идгардак розӣ нестам.”

Шарҳи Шӯрои уламо

Дар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтанд, дини мубини ислом идгардакро на маҳкум кардааст ва на тавсия додааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҷамолиддин Хомӯшӣ

“Бисёре аз падару модарон фарзандони худро бе назорат мегузоранд ва ин сабаби садамаҳо мешавад ва рӯзи Ид ба рӯзи мотам мубаддал мегардад. Аз ин рӯ, нисбат ба солҳои пешина хеле коста шудааст, дар натиҷаи фаҳмондадиҳӣ. Агар аз байн ҳам наравад, аммо хеле заиф мегардад,” – гуфт Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси идораи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Баҳси идгардак ҳар сол дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон доғ мешавад. Баръакси солҳои пеш имсол омӯзгоронро барои танзим ё маҳдуд кардани идгардаки кӯдакон ҷалб кардаанд.

Иди Рамазон, яке аз ду иди мусулмонист, ки дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо ва сипас зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

XS
SM
MD
LG