Назаралӣ, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав, аз ноҳияи Фархор барои таҳсил ба шаҳри Қӯрғонтеппа омадааст. Вай мегӯяд, ки дар айёми таҳсил дар моҳи Рамазон рӯза мегирад ва барои ифтор ҳамроҳи баъзе дӯстонаш аз макарону картошка, равғану нон барои худ ғизои рамазонӣ таҳия мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Назаралӣ гуфт, дар миёни ҳамсабақонаш шахсони рӯзадор аксариятро ташкил медиҳанд ва аз 20 донишҷӯй, 18 нафарашон имсол рӯза гирифтаанд. "Ҳамдарсони ман аз рӯи эътиқод рӯза мегиранд. Худи ман чанд сол шуд, ки рӯза медорам. Дар як хона чаҳор нафарем ва ҳамагӣ рӯзадор ҳастем", - афзуд ӯ.
Тибқи як таҳқиқот дар панҷ соли пеш, нисфи аҳолӣ гуфтаанд, ки дини ислом дар зиндагии онҳо ҷойгоҳи муҳим доранд ва 88 дар сад ва ё тахминан 9 нафар аз 10 каси пурсидашуда гуфтаанд, ки дар моҳи Рамазон ҳатман рӯза мегиранд.
Дар як сӯҳбати сарироҳӣ бо сокинони ҷавони Қӯрғонтеппа аз 15 пурсидашуда 13 нафар гуфтанд, ки имсол рӯза гирифтаанд ва шод аз онанд, ки гармии имсола чандон зиёд нест. Бархе мегӯянд, барои онҳое, ки фаротар дар манотиқи ҷанубии Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунад, аз назари гармии 45-46-дараҷаии ҳаво маҳрум будан аз обу ғизо дар давоми рӯз боз ҳам мушкилтар аст. Бахусус дар шароите, ки дарси донишгоҳ ҳанӯз идома дорад. Соли гузашта рӯзадорон дар маркази вилояти Хатлон шоҳиди гармии беш аз 43 дараҷа буданд ва мегуфтанд, ин гармтарин мавсими рӯзадорӣ дар чандин соли охир буд.
Бар пояи Қонуни асосӣ, Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст, вале азбаски беш аз 90 дарсади сокинонаш мусалмон ҳастанд ва гароиши ҷомеа ва бахусус ҷавонон ба мазҳаб зиёд аст, назар ба 20-30 соли пеш шумораи рӯзадорон дар миёни хонандагону донишҷӯён зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки дар баробари таҳдидҳои ифротишавии ҷомеа, ҳукумат назоратро аз болои мазҳаб ва рукнҳои он шадидтар карда, аз ҷумла, масҷидравии ҷавонони то 18-сола ва пӯшидани либоси мазҳабӣ дар мактабҳоро манъ кардааст. Волидони наврасоне, ки ба нақзи ин муқаррарот даст мезананд, аз рӯи Қонуни масъулияти падару модар, муҳокима мешаванд.
Вале дар бархе ҳолатҳо зиндагӣ ва эътиқоди мардум аз рӯи одатҳои ҷоуфтодаи худ пеш меравад. Як омӯзгори мактабе дар ҷамоати Обшорон гуфт, рӯзагирӣ ҳарчанд сангин аст, дар пеши ҳамсояҳо ва ҳамкорони дигараш барои худ нанг медонад, ки аз рӯзагирӣ парҳез намояд.
Ҳангома Турақулова аз ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, "рӯзи шанбе ва якшанбе дар хона будам, гармии ҳаворо нафаҳмидам. Лекин рӯзҳое, ки дар кор ҳастам, рӯзадорӣ каме душвор аст, муаллимаҳо ҳамаашон рӯза нагирифтаанд, вале аз синфи 5 ва 6 боло 70 дар садашон рӯзадор мебошад, худам алҳамдуллилоҳ рӯза гирифтам. Дар миёни тоҷикҳо рӯзадорҳо зиёданд, вале ӯзбакҳо хело кам инҷо рӯза мегиранд."
Ҳангома мегӯяд, ки дар синфхонаҳои дур аз офтоб, вале гарм кор мекунад, вале бо ин вуҷуд гармӣ азият мекунад. Ин омӯзгор гуфт, лаҳзаҳои ташнагии сахт, ҳоли кишоварзонро ба ёд оварда худро ба даст мегирад.
Дар ин мавсими авҷи корҳои кишоварзӣ дар Хатлон бархе боз ҳам рӯза гирифта зери офтоби сӯзон кор мекунанд. Ба гуфтаи Мағфират Саидраҳмонова, роҳбари як хоҷагии деҳқони дар Шаҳритус, ҷавонҳое, ки дар саҳро машғули коранд, ба ҳеҷ сурат рӯза намегиранд, вагарна инсон наметавонад ба анҷоми кори сахти ҷисмонӣ ва зери шуоъҳои сӯзони офтоб тоб оварад.
Мағфират Махфират дар 10 гектар замини кишт 50 нафарро бо кор таъмин кардааст ва аксарияти онҳо ҷавондухтарон мебошанд. Ноҳияи Шаҳритус ва минтақаи Айвочи он аз гармтарин нуқоти Тоҷикистон мебошад. Хоҷагии Мағфират Саидраҳмонова дар 20-километрии ҳамин макон ҷойгир аст, ки гоҳо то 50 дараҷа гарм мешавад.
Коршиносон мегӯянд, мизони эътиқод дар Тоҷикистонва ба вижа дар миёни ҷавонон солҳои охир хеле боло рафтааст. Дар Тоҷикистон солҳои охир таҳқиқоти вижае дар заминаи мазҳабу эътиқод дар миёни ҷавонон барпо нашудааст, вале бар асоси як пурсише, ки панҷ соли пеш аз ҷониби маркази амрикоии таҳқиқоти афкори умум (Pew) анҷом шудаст, нисфи аҳолӣ гуфтаанд, ки дини ислом дар зиндагии онҳо ҷойгоҳи муҳим доранд ва 88 дар сад ва ё тахминан 9 нафар аз 10 каси пурсидашуда гуфтаанд, ки дар моҳи Рамазон ҳатман рӯза мегиранд. Муаллифон гуфтаанд, ки дар моҳи Рамазон майли сокинон ба иҷрои рукнҳои динӣ боз ҳам бештар мешавад.