Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи сӯзон ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон мерасад (ВИДЕО)


Мақомоти Тоҷикистон сокинонро аз ҳуҷуми мавҷи гармо ба кишвар ҳушдор медиҳанд, ки аз 27 июн оғоз мешавад ва дар авоили моҳи июл шиддат мегирад.

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки маҷрои ҳавои гарм аз самти ҷанубу ғарб ба сӯи Тоҷикистон ҳаракат дорад ва Тоҷикистон дар зери фишори пасти ҳаво қарор мегирад. Агар ин ҳамаро ба забони маъмулӣ шарҳ диҳем, дараҷаи гармӣ аз 40 бештар ва ҳамзамон ҳаво дамгир мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, бо назардошти ҳалокати садҳо нафар аз гармсели ахир дар Покистон, аҳолии Тоҷикистонро ба эҳтиёт даъват мекунад ва пойгоҳҳои тиббиро дар ҳоли омодабош қарор медиҳад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳоло табибон дар маҳалҳо бо сокиноне, ки фишори баланд ва бемории қалб доранд, тавсия медиҳанд, ки аз гаштугузор дар ҳавои гарм худдорӣ кунанд ва агар имкон дошта бошанд, ба деҳкадаҳо раванд, ки ҳавои салқин дорад.

Ҷаъфаров мегӯяд, онҳо ҳамчунин аз волидайн хоҳиш мекунанд, ки кӯдакони хурдсолро зери назорат гиранд ва аз офтоб дур нигаҳ доранд. “Дар ҳавои гарм зери шуои офтоб зиёд наистодан ва аз соати 10-и рӯз то 4 бегоҳ дар рӯдхонаҳо оббозӣ накардан тавсияи умумӣ ба сокинон аст. Ғайр аз ин, тавсия медиҳем, ки кӯдакон бештар об бинӯшанд ва аз хона берун нараванд. Беморони қалб ва афроде, ки фишори баланд доранд, бояд хеле эҳтиёткор бошанд ва доруҳое, ки пизишкони мо ба онҳо тавсия медиҳанд, дар чунин рӯзҳо сари вақт истеъмол кунанд. Наздикони беморон низ бояд масъулият ҳис кунанд ва пайваста аз ҳоли беморон дар ин рӯзҳо хабар бидиҳанд,” -- мегӯяд муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

Гарморо чӣ гуна паси сар мекунед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ҳушдори Вазорати тандурустӣ аз гармои ҳаво дар ҳолест, ки як ҳафтаи охир ҳавои Душанбе нисбатан салқин буда, ҳарорат аз 30 то 34 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳатто чанд рӯзи охир дар Душанбе боронҳои кӯтоҳмуддат меборад.

Ҷамила Байдуллоева
Ҷамила Байдуллоева

Аммо Ҷамила Байдуллоева, як масъули Муассисаи давлатии обуҳавосанҷӣ мегӯяд, аз 27-уми июн ҳаво якбора дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тағийр меёбад. Хонум Байдуллоева мегӯяд, пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки ҳаво дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон аз 42 дараҷа боло хоҳад рафт.

“То 26-ум боронҳои кӯтоҳмуддат ба қайд гирифта мешавад, вале аз 27-ум ҳаво рӯ ба гармшавӣ меорад. Моҳи июл аслан ҳар сол гарм меояд, аммо фикр мекунам, ки аз 40 дараҷа боло рафтан дар Рамазон, ки сокинон рӯзадоранд, хеле мушкил аст. Рӯзе, ки дар Покистон ҳаво гарм карда буд, дар мо ҳам ҳамон рӯз дар баъзе минтақаҳо муввақатан ҳаво то 43 дараҷа гарм шуд, лекин ин дар мо хеле кӯтоҳмуддат буд. Чунин гармӣ рӯзҳои наздик ҳам дар мо ба назар гирифта хоҳад шуд,” – гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Таҳдиди гармсел ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони тақводори кишвар ҳафтаи аввали моҳи Рамазонро пушти сар кардаанд ва аз ин хушҳоланд, ки обу ҳаво барои рӯзадорӣ мусоид шудааст.

Дар ҳоле, ки маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон солҳои ахир борҳо гармиву сардии кишварро бидуни ғалат пешгӯӣ кардааст, аммо аксари ҳамсӯҳбатҳои мо ба фаросарсии гамсели монанд ба гармои Покистон бовар надоранд. Саттор, як ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки дар сурати боло рафтани ҳарорати ҳаво пушти боддиҳандаҳои чинӣ паноҳ мебарад ва рӯзаашро намешиканад: “Агар рӯзи истироҳат бошад, кӯшиш мекунам, ки ба Варзоб равам. Лекин дар рӯзҳои корӣ дар таги кондитсионер (ҳавосоз) мешинам. Боз мебинем, ки чӣ мешавад, аммо кӯшиш мекунам, рӯзаамро нахӯрам.”

Сокинони кӯҳансол мегӯянд, аз гармии ҳаво ҳеҷ ҷое барои паноҳ бурдан надоранд. Самад Ёров, як сокини 73-солаи Душанбе мегӯяд, дуо мекунад, ки ҳаво гарм нашавад, вагарна дар ҳама ҳолат ӯ ранҷ хоҳад кашид: “Ҳар куҷое, ки бошам, агар ҳаво гарм кард, ман нафастанг мешавам. Ҳоло нав аз духтур омадам. Худо худаш раҳм хӯрад ва агар на дар хонаи салқин ҳам агар ҳаво дар берун гарм бошад, аҳволам бад мешавад.”

"Биҳишт"-и сокинони Айвоҷ, "дӯзах"-и дигарон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Аммо сокинони деҳоти вилояти Хатлон, ки аз гармтарин вилояти Тоҷикистон дониста мешавад, мегӯянд, гармии ҳаво ба ҳоле рост меояд, ки онҳо бояд дар саҳро кор кунанд. Хоҷамурод Юсуфов, як деҳқон аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, ҳоло мавсими гандумғундорӣ ҳаст ва наметавонанд ин дар ин давраи муҳим кишташро партофта, ҷои салқинро интихоб кунад. “Ҳоло гандум медаравем ва шояд то даҳ рӯзи дигар ин кор давом кунад. Аксаран рӯзаро хӯрдаем, дигар илоҷ нест. Як рӯз корро партофта намешавад, агар ақиб занем, аз кишти такрории заминҳоямон дер мекунам. Барои ҳамин ҳаво гарм ҳам биояд, мо наметавонем, корамонро тарк кунем.”

Маъмулан, дар Тоҷикистон дар моҳи июл ҳаво аз 35 то 40 дараҷа гарм мешавад, аммо ҳоло тахмин меравад, ки имсол гармии ҳаво ин марзро убур хоҳад кард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, гармои ҳаво бештар ба афроде таъсир мерасонад, ки бемор, ташна ва гурусна ҳастанд.

XS
SM
MD
LG