Маҷлиси намояндагони ИМА аз қатъи кори ҳукумат пешгирӣ намуд

Шоми ҷумъа, 20-уми декабр Маҷлиси намояндагони ИМА  тарҳи қонунеро қабул кард, ки аз қатъи  кори ҳукумат пешгирӣ мекунад. 

Қаблан президенти мунтахаб Доналд Трамп тақозо карда буд, ки ба хотири боло бурдани лимит ё маҳдудияти қарзи хориҷии давлатӣ қонун қабул нашавад.

“Садои Амрико” навишт, барои қабули тарҳи қонун 366 тарафдор ва 34 вакил – мухолиф овоз доданд. Ҳамакнун ин қонунро бояд Сенат қабул карда баъд он ба имзои президент Ҷо Байден фиристода шавад.

Байден гуфт, ба хотири кори бетанаффуси ҳукумат ин санадро имзо мекунад. Тарҳи қонун тамдиди маблағгузории кори ҳукуматро то 14 март ва барои иёлоти аз офатҳои табиӣ зарардида додани 100 миллилард долларро пешбинӣ мекунад.

Айни замон, дар ин тарҳ навишта нашудааст, ки меъёри ҳадди аксари қарзи давлатӣ, ки Трамп ваъда додааст ин масъаларо то 20 январ ҳал кунад, чӣ қадар бояд бошад.

Агар кори ҳукумат қатъ мешуд, миллионҳо корманди сохторҳои ҳукуматии ИМА наметавонистанд сари вақт маоши худро дарёфт кунанд ва дар остонаи Соли нав соҳаҳои мисли туризму меҳмонхонаву ширкатҳои ҳавоӣ миллиардҳо доллар зарар медиданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

1,6 триллион доллар. "Ҳа"-и Конгресс ба буҷети федеролӣДар Амрико буҷаи муваққат қабул шуд, аммо бидуни кӯмак ба Украина