"Яндекс" чизи одитарин, қарордоди корӣ намедиҳад, то худро сабтином кунем. Мо як бахши даромади худро ба "Яндекс" медиҳем. Андози давлатро ҳам худамон месупорем,” – шиква кард як ронандаи муҳоҷир аз Қирғизистон.
Ронандагони норозӣ аз он шикоят доранд, ки пештар 20 дар сади даромадро ба “Яндекс.Такси” медоданд, вале ҳоло бояд 30 дар сад бипардозанд. Онҳо ҳамчунин аз пули ба дастовардаи худ бояд чаҳор дарсадашро молиёт супоранд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи ронандагон, "Яндекс" ба онҳо мошин намедиҳад. Мошинро ё ба иҷора гирифтаанд ва ё бо қарзи бонкӣ харидаанд.
Бино ба наворҳои нашршуда, эътироз ва даъват ба корпартоӣ дар ширкати “Яндекс”-ро ронандагони қирғизистонӣ сар карда, дертар ба ин ташаббус таксиронҳои рус ҳам ҳамроҳ шуданд.
“Ман дар ин бора дар Телеграм чанд мавод гузоштам. Ронандагон хеле баҳс карданд. Бисёриҳо дастгирӣ мекунанд. Як пурсиш гузарондам. Беш аз 70 дар сад гуфтанд, ки дар ин маърака ширкат мекунанд,” – гуфт ронандаи муҳоҷир аз Қирғизистон.
Ронандагони муҳоҷир ҳамчунин аз он шикоят доранд, ки Яндекс ба онҳо қарордоди корӣ пешниҳод намекунад. Бе ин қарордод ронандаҳо будубоши худро қонунӣ карда наметавонанд ва ин барои онҳо мушкил эҷод кардааст.
“Бо сабаби надоштани ин ҳуҷҷат ронандаҳо маҷбуранд, ки дар се моҳ як бор Русияро тарк кунанд ё ҳуҷҷати қалбакӣ бигиранд. Ин махфӣ нест,” – гуфт мусоҳиби “Мигрант Медиа”.
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳам дар Русия ба таксиронӣ машғуланд. Чанд моҳ боз шикоят аз мушкил шудани кор дар ин бахши хидматрасонӣ дар Русяи афзудааст.
Қаблан мақомоти Русия хабар дода буданд, ки таксиронӣ барои муҳоҷирон дар тақрибан бист минтақаи ин кишвар манъ шудааст. Аз ҷумла, моҳи майи имсол дар вилояти Курск онҳоро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд ва волии ин вилоят гуфт, 82 дарсади мардум хостаанд, ки муҳоҷирон ронандаи таксӣ набошанд.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад