“Хонум Фарзонаро ҳамон қадре, ки шумо инҷо мешиноседу дӯст медоред, дар Эрон ҳам дӯст медоранду мешиносанд. Устодони ман, Шафеъии Кадканӣ ва Доктор Ёҳақӣ, Фарзонаро дар шумори се шоири замони муосири форсӣ мегӯянд. Яъне, инҳо Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ ва Фарзонаи Хуҷандӣ,” – гуфт Суҳайло Юсуфӣ, мудири нашриёти “Хирадгон-”и Эрон.
Фарзона, ки ҳамин моҳ 60-сола мешавад, шеърҳои нахустинашро дар рӯзномаҳои даврӣ ва китобҳои дастҷамъӣ зери назари шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ соли 1984 нашр кардааст. То ҳоло наздик ба 50 маҷмӯаи шеъраш нашр шуда.
“Ман бародархонди устод Лоиқ, Фарзона духтархондашон ва Озарахш писархондашон буданд. Дар як суҳбати нодирашон, ки хушбахтона ман ҳам ҳузур доштам, устод Лоиқ дар мавриди Фарзона гуфтанд, ки худо умрашро дароз кунад, пайғамбари шеър мешавад. Таъкид карда буданд, ки инро баъдтар мегӯӣ. То ҳоло ин суханҳоро барояшон нагуфта будам,” – нақл кард Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши Иттиҳоди адибон дар вилояти Суғд.
Фарзонаи Хуҷандӣ ба фарқ аз солрӯзҳои қаблиаш имсол шабҳои эҷодиашро ҳамроҳи ҳамсараш шоир Озарахш доир накард ва дар ин маҳфили илмӣ гуфт, ки ҳаводиси нобаҳангоми рӯзгораш нақшаҳояшро барҳам задаанд.
Моҳи апрели соли 2023 писари 21-солаи шоирон Озарахшу Фарзона ба таври мармуз ҷон бохт. Шоира дар ин рӯз аз “фироқи ҷонсӯз” бо ягона писари ғӯрамаргаш ҳарф зад.
Ӯ гуфт: “Ман бо устод Озарахш ният доштам, ки ҳамаи шуморо ба даври ҳамин дасторхони муҳаббат, ба даври ҳамин дасторхони идона фаро хонам, ба ҷашни домодии Ҳумоюҷони азизамон, аммо чи кор кунем, ки:
Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст,
Мӯҳри инсон дигару мӯҳри таъоло дигар аст.
Ҳарчи барнома кашидам, хати батлон зада шуд,
Хатти қисмат дигару хостаи мо дигар аст."
Фарзонаи Хуҷандӣ аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд зода шудааст. Шеъргӯиро дар ҷавонияш сар карда, аз нахустин ашъораш шуҳрате ёфтааст, ки акнун аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ба арсаи васеътар паҳн мешаванд.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад