Ӯ, ки 28 феврал бо оҷонсии расмии ТАСС сӯҳбат намуд, гуфт, ҳоло дар соҳаи сохтмони Русия “тахминан 800 ҳазор хориҷиҳо кор мекунанд, ки асосан шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон буда, бар асоси патенту визаи корӣ қарор доранд.
Маҳдудиятҳои якбораву ҳамзамон дар кори онҳо барои ширкатҳои сохтмонӣ, бахусус дар шароити бекории бисёр кам дар Русия метавонад мушкилоти хеле назаррас эҷод кунад”.
Ӯ гуфт, манъи кори хориҷиҳо дар сохтмон таҳлилу баррасии амиқро талаб мекунад. Глушков таъкид кард, ки коргарони дорои патент ва визаҳои корӣ аслан набояд дар кор бо маҳдудият дучор шаванд.
Баъди ҳамла ба “Крокус” рӯзи 22 марти соли 2024 дар Русия маҳдудиятҳои фаровону бераҳмонае ба кори хориҷиҳо ҷорӣ шуд ва даҳҳо ҳазор муҳоҷирон аз хоки ин кишвар берун карда шуданд.
Дар Тоҷикистон, ки бисёр оилаҳо аз пули падару писарҳои муҳоҷирашон зиндагиро пеш мебаранд, ихроҷу маҳдудиятҳоро бисёриҳо дарднок қабул карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рӯзгори муҳоҷир. Чанд тоҷик дар Украина асири ҷанг аст? Барқ, кор ва муҳоҷирон. Номзадҳо дар корзори интихобот чӣ ваъдаҳо медиҳанд?Ронандаи тоҷик барои сабти ғайриқонунии муҳоҷирон муҷозот шуд"Моро баргардонед." Вазъи як зани тоҷик бо шавҳару кӯдакаш дар Қазоқистон