Раиси ҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки маълумот дар бораи кони Икар дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ошкор карда шавад.
Дар матни амри президент, ки Радиои Озодӣ 2-юми январ бо он шинос шуд омадааст, “бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав барои коркарди кон” маълумот дар бораи кони Икар дигар “ғайримахфӣ гардонида шавад.”
Кони Икар дар 60-километрии шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, асосан ҳамчуни кони волфрам шинохта мешавад. Тибқи маълумотҳои боз, дар ин кон захираи фаровони кобалт низ мавҷуд аст. Эҳтимол дар ин кон тило ва мис ҳам бошанд.
Истихроҷи маъданҳои табиӣ барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим ба назар мерасад. Калонтарин конҳои кишвар азҷумла, конҳои тило ва нуқра бо сармояи Чин истихроҷ мешаванд.