Лубнониҳо аз ҳар роҳе кишварашонро тарк мекунанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво ба Лубнон давом доранд. Бомбаборони Бейрут, пойтахти Лубнон ва минтақаҳои дигар дар ин кишвар боиси қатъи аксари парвозҳо шудааст. Хориҷиён ва шаҳрвандони Лубнон роҳҳои фирор аз оташи ҷангро ҷустуҷӯ доранд, ки маълум нест, кай хомуш мешавад.