Вазирони ниҳодҳои қудратӣ дар маркази Бадахшон ҷаласаи муштарак баргузор карданд.
Дар нишасти муштараки вазоратҳои қудратии Тоҷикистон дар Хоруғ масъалаи таҳқиқи ҳарчи зудтари қазияи куштори генерал Абдулло Назаров, сардори пешини Раёсати КДАМ дар Бадахшон баррасӣ шуд.
Тоҷиддин Назиршоев, сардори Раёсати умури дохилаи вилоят дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар нишасти муштараке, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, Шерхон Салимзода, Додситони кул ва Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ баъд аз ошноӣ бо ҷараёни таҳқиқи парвандаи қатли Абдулло Назаров ба гурӯҳи тафтишотӣ дастур доданд, ки онро зудтар ба анҷом расонанд:
«Вазири умури дохила ҳамроҳ бо Додситони кулл омаданд. Дар сӯҳбати онҳо таъкид шуд, ки он корҳо, корҳои тафтишотӣ нисбати генерал Абдулло Назаровро анҷом диҳанд. Бояд тезонанд. Ду нафари онҳо боздошт шудаанд. Имрӯз як панҷ-шаш нафари дигари онҳо дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳрӣ мебошанд. Аз додситонӣ бо онҳо кор карда истодаанд. Касоне, ки дар он ҷангҷолҳо бо силоҳ муқовимат кардаанд, онҳо пурсида мешаванд ва нисбати онҳо қонунан ҳуҷҷатгузорӣ мешавад, ки дар оянда афв шавад, агар қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ нашавад, вай чӣ хел афв мешавад».
Ба гуфтаи Тоҷиддин Назиршоев, бо иттиҳоми даст доштан дар қатли генерал Назаров дар Бадахшон ду нафар боздошт шудаанд, ки яке аз онҳо дар бемористон муолиҷа мешавад. Сардори Раёсати умури дохилии вилоят аз бурдани исми ин ду нафар худдорӣ кард, вале гуфт, ки 6 нафари дигар низ бо гумони ширкат дар ин ҳодиса дар Хоруғ бозпурсӣ мешаванд.
Ба таъйиди ҳамин манбаъ, Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, сардорони гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ низ таҳти бозрасии мақомот қарор доранд, аммо танҳо дар сурати бегуноҳӣ, онҳо аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд.
Нишасти муштараки мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз се рӯз ба ин сӯ раиси КДАМ Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов низ дар ҳамин минтақа бо мардум мулоқот анҷом медиҳад ва шоҳидони айнӣ мегуянд, ки ин мулоқотҳо гоҳо ба баҳсҳои тезутунд мепечанд.
Сокинони Хоруғ аз ҷумла гила кардаанд, ки дар ин авохир бархе аз ҷавонони шаҳрро мақомоти амниятӣ пурсуҷӯ мекунанд, ҳарчанд мақомот ба онҳо ваъда дода буданд, ки бо супуридани ихтиёрии силоҳ айбдоршавандагон аз ҳамагуна ҷавобгарӣ озод мешаванд. Як сокини Хоруғ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазъ ором аст, вале даъват шудани ҷавонон ба идораҳои амниятӣ сабаби изтироб дар байни волидонашон шудааст: «Ташвиш ҳаст. Ҳама вақт касеро ба Кумитаи амнияти миллӣ ё ба умури дохила даъват намоянд ё ба дигар ҷо даъват кунанд албатта ташвиш аст, ки барои чӣ маро даъват мекунанд. Аммо чанде аз ҷавонҳоро, ки барои бозпурсӣ даъват карданд, ҷавоб додаанд.»
Аммо Тоҷиддин Назиршоев, сардори Раёсати умури дохилаи Вилояти Мухтори Бадахшон гуфт, даъват ва бозпурсӣ шудани бархе аз ҷавонҳо, ки эҳтимолан қонуншиканӣ кардаанд, набояд боиси нороҳатӣ бошад.
Вай афзуд вобаста ба тазоҳуротҳои Хоруғ дар пайи нооромиҳо дар шаҳр касе дастгир нашуда ва касеро ҳам барои пурсиш даъват накардаанд, вале ба гуфтаи ӯ, масъулияти ниҳодҳои интизомист, ки нафарҳои муқобили давлат силоҳ гирифтаро бипурсад.
Бо ин ҳама Орифшо Исломов, муовини раиси вилояти Бадахшон авзоъ дар вилоятро ором хонда гуфт, ки сокинон аз пайи кору зиндагии худ мебошанд. Вай афзуд, дар пайи сафари раиси ҷумҳур, итминони мардум ба зиндагии орому осуда бештар шудааст.
Дар ҷаласаи муштараки мақомоти интизомӣ ва тафтишотии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин ба кормандони ин идораҳо дастур дода шудааст, ки ба арзу шикоёти мардум расидагии фаврӣ ва муносиб сурат бигирад.
Баъди қатли Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон дар моҳи июл, мақомоти интизомии Тоҷикистон амалиётеро дар шаҳри Хоруғ барои дастгирии омилони қатли ӯ анҷом доданд, ки дар натиҷа 13 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва 30 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуд. Баъди ин ҳодисаҳо, ҳазорон нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ тазоҳурот карданд, зеро ба гуфтаи онҳо, гунаҳкорони қатли генералро метавонистанд, бе ҷангу хунрезӣ дастгир кунанд.