Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр хабар дод, ки сӯхтори шаби 15 ба 16 ноябр дар қисмате аз бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд қариб 1 миллион сомонӣ хисорот овардааст. Дар хабари нашршуда дар сомонаи ин вазорат гуфта мешавад, ки “зарари расонидашуда 994 000 сомониро ташкил медиҳад.»
Қаблан шоҳидон гуфта буданд, ки сӯхтор дар ошхонае бо номи “Ҳаниф” сар зада, қисматҳои дигари бозорро ба коми худ кашидаатс. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ дар сомонааш ин фарзияро тасдиқ мекунад: “Рӯзи 16.11.с.2014, дар ошхонаи “Ҳаниф”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Зокирови ш. Хуҷанд, ки ба соҳибкори инфиродӣ Юлдошев Азимҷон, соли таваллудаш 1958, сокини ш. Хуҷанд тааллуқ дорад, дар масоҳати 800 метри мураббаъ оташ гирифтааст. Сӯхтор аз сабаби пайдо гардидани шарора дар вақти ихроҷи гази моеъ ба амал омадааст.»
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, як кумиссиюни вижа ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтори бзург дар бозори Панҷшанбе, зарарҳои расида ба тоҷирони дӯкону молҳояшон ба коми оташрафта машғул аст. Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 17 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кумиссиюни мазкур таҳти раҳбарии муовини аввали раиси Хуҷанд, мақомоти оташнишонӣ, додситонӣ ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои марбут ба думболи сӯхтор ин ҳодисаро таҳқиқ дорад.
Вай афзуд, тайи як ҳафта сабаби сӯхтор маълум ва эълон хоҳад шуд. Ба таъкиди вай, “тақдири фаъолияти минбаъдаи соҳибкорону тоҷирони аз сӯхтор зарари молӣ дида аз вазифаҳои аслии ин кумиссиюн аст.”
Субҳи 17-уми ноябр, ки ба маҳалли ҳодиса рафтем, атрофи фурӯшгоҳҳои сӯхта аз тунуку деворбандӣ шуда, кормандони интизомӣ даҳҳо соҳибони дӯкон ва фурӯшгоҳҳоро аз ворид шудан ба он ҷо ба далели халал нарасонидан ба таҳқиқ манъ мекарданд. Дар атрофи маҳали ҳодиса даҳҳо соҳибкорони зарардидаву сокинони дигар ҷамъ омада буданд ва мақомоти интизомӣ онҳоро ба хештандорӣ даъват мекарданд.
Тоҷирони молу матоашон ба коми оташрафта мегӯянд, интизоранд, ки мақомот кай аз ҳоли онҳо мепурсанд ва зарарҳои молии расидаро ҷуброн хоҳанд кард. Бархе аз онҳо манзил ё дороии дигари худро ба гарав гузошта, аз бонк қарзҳои калон гирифта, ба тиҷорат машғул шудаанд ва сӯхтани дороияшон онҳоро андӯҳгину нигарон кардааст.
Марҳабо Искандарова, тоҷири дӯкони ҳунармандон мегӯяд, он ҷо ба ҷуз молу матоъ 15 дастгоҳи дӯзандагиву нақшдӯзӣ дошт, ки барои харидани онҳо аз бонк қарз гирифта буд, ҳоло баъди сӯхтор омадааст бубинад ба онҳо чӣ шуда: “Ман ҳунарманд, дӯконам бо чизҳоям сӯхтааст, омадем бинем, ки бо дӯкону чизҳоям чӣ шудааст. Аммо намемонанд дароем, ҳеч чизатон намондааст, мегӯянд. Хайр, монанд, як дароем, бо чашмонамон бинем, сӯхта бошад, диламонро канем.”
Матлуба Толибоева, тоҷири мағозаи 28 дар фурӯшгоҳи “Баҳор” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай дар мағозааш ба маблағи 32 ҳазор доллар матоъ дошт, ки ҳамааш сӯхтааст: “Ман ба умеде бор оварда будам, ки зимистон роҳҳо вазнин мешавад, бебору бекор намонам. Аммо ҳамааш сӯхт. Ин барои мо рӯзи бисёр ҳам сахт аст. ”
Мадина Олтмишова, ки дар мағозаҳои 23 ва 27 савдо мекардааст, ба Озодӣ гуфт, молу матои вай ба маблағи 50 ҳазор доллар ба коми оташ рафт: “Мо дар беморхона будам, нав хеста омадам. Аммо намемонанд, даромада мағозаи сӯхтаамонро бо чашмонамон бинем. Ягон чӣ ваъда ҳам накарданд. Намедонам барои чӣ. Аз саҳарӣ поида нишастаем.”
Муаттар Содиқова, тоҷирзани дигар мегӯяд: “Мағозааммро даромада дидаму гиря кардам. Бом фурӯ рафтааст, ҳама чизам сӯхта хокистар шудааст. Илоҳӣ, ин рӯзи сахт, ки ба сари мо омад, ҳич кӣ набинад. Болои сӯхта намакоб, аз пагоҳӣ соҳиби бор, ки ман аз вай барои фурӯш ба насия гирифта будам, бораш ё пулашро талаб карда истодааст. Ҳамин аз рӯи инсоф магар? Акнун ҳама умеди мо ба ҳаминҳо (мақомот), ки ба мо ёрӣ мерасонанд. Мо бекор дар кӯча мондем.”
Бино ба натоиҷи таҳқиқи муқаддамотӣ, сӯхтор дар соати тахминан 22.15 дақиқа оғоз ёфта, марказҳои савдои “Баҳор“, «Сино», ва «Тоҷир» фаро гирифтаааст. Дар натиҷа 32 дӯкони савдои ширкати «Баҳор», 20 фурӯшгоҳи ширкати “Тоҷир” ва 30 дӯкони ширкати “Сино”, дар маҷмӯъ - ҳудуди 800 метри мураббаъ пурра ба коми оташ рафтааст.
Ҳамчунин, Насибахон Эшонова, роҳбари бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҷойгир дар маҳали сӯхтор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 100 асари рассомони маъруфи тоҷик, аз ҷумла 25 асари худи хонум Эшонова ва нигораҳое, ки дар толори намоиш гузошта шуда буд, сӯхтааст.
Ба гуфтаи бархе шоҳидон, сӯхтор дар ошхонае бо номи “Ҳаниф” сар зада, қисматҳои дигари бозорро ба коми худ кашидаатс. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ дар сомонааш ин фарзияро тасдиқ мекунад: “Рӯзи 16.11.с.2014, дар ошхонаи “Ханиф”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Зокирови ш. Хуҷанд, ки ба соҳибкори инфиродӣ Юлдошев Азимҷон, соли таваллудаш 1958, сокини ш. Хуҷанд тааллуқ дорад, дар масоҳати 800 метри мураббаъ оташ гирифтааст. Сӯхтор аз сабаби пайдо гардидани шарора дар вақти ихроҷи гази моеъ ба амал омадааст.»
Кормандони ниҳодҳои оташнишонӣ аз шаҳрҳои Хуҷанду Қайроқум ва навоҳии Ғафуров, Ҷаббор Ррасулов ва Спитамен танҳо баъди ду соат тавонистаанд сӯхторро хомӯш кунанд.
Ин нахустин мавриди сӯхтани бозорҳо дар Тоҷикистон нест. Танҳо дар 2 соли охир дар Тоҷикистон чандин бозор, аз ҷумла “Корвон” ва як қисмати бозори “Шоҳмансур” дар шаҳри Душанбе, бозори “Фаровон” дар шаҳри Қӯрғонтеппа, бозори Ҳисор, бозори Хоруғ ва ду маротиба бозори “Саховат” дар шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафтаанд.
Айни видео (агар Ютюб кор накард):
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад