Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки аз харидани атру шампунҳое, ки бо номи ситораҳои мусиқии тоҷик ба бозор бароварда шудаанд, худдорӣ кунанд.
Нозирони хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ зимни санҷиши навбатӣ дар бозори «Корвон» як миқдор маводи ороишию гигиениро ошкор намудаанд, ки бо роҳи қачоқ ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд ва ҷавобгӯи талабот нестанд. Мусодираи атриёти қочоқӣ дар бозор дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар арафаи иди 8 март фурӯши атриёт б ануқтаи авҷаш расидааст.
Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи ин хадамот рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, атру шампунҳое, ки бо номи овозхонҳои тоҷик Садриддин, Шабнам, Нигина, Фарзона, Баха-84 ва дигарон ба фурӯш гузошта шудаанд, қалбакӣ буда, сертификати мутобиқати сифат надоранд. Ба гуфтаи ӯ, ташхисҳо ошкор кардаанд, ки ин намуди маводи ороишӣ ба саломатии зарарнок будаанд ва хадамот аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки аз харидани онҳо худдорӣ кунанд.
Хонум Дарвешзода мегӯяд, санҷиши кормандони хадамоти назорати давлатии фарматсевтӣ дар бозори «Корвон» идома дорад ва онҳо маводи дигари ороишию гигинеиро аз ин бозор дарёфт намудаанд, ки ҷавобгӯи талабот нестанд.
Ин дар ҳолест, ки дар арафаи иди 8 март дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон атру шампунҳое бо номи ситораҳои мусиқӣ -- Манижа, Нигина, Шабнами Сураё, Шабнам Собирӣ, Нозия, Садриддин ва дигарон ба фурӯш омадааст.
Бозори гарми атрҳои сарояндаҳои тоҷик дар ҳолест, ки чанд соли пеш дар бозорҳо матоъҳои зиёде низ бо номҳои «қоши Эмомалӣ», «Чашми Зулайхо» ва монанди ин пайдо шуда буданд, ки маъмулан номи онҳоро худи тоҷирон мегузоштанд, то харидори бештаре дошта бошанд.
Дар атрҳои Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сураё, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова, Манижаву Нозия аз 10 то 35 сомонӣ арзиш дошта, дар дохилаш як атри фирмаи номаълум бо номи «Lustre» ва шампуни "Haed&shouldres” (ба ҷои «Hеad&shouldres”) гузошта шудааст. Ба қавли савдогарон, гӯё ин бастаи атрҳо аз Чин оварда мешаванд, аммо шампуни дохили қутии атр аз Русия мебошад.
Навори видеоӣ дар ин бора дар Озодивидео дар Ютюб:
https://www.youtube.com/watch?v=U7LVucaz-pM