AsiaTerra: Хеши Ислом Каримов ба тасарруфи 800 миллион $ айбдор мешавад

Акбаралӣ Абдуллоев

AsiaTerra менависад, ҷияни ҳамсари президенти Узбакистон Акбаралӣ Абдуллоев ба тасарруфи беш аз 800 миллион доллар айбдор мешавад.

Як хабарнигори мустақили узбакистонӣ мегӯяд, яке аз хешовандони наздики ҳамсари президенти Узбакистон ба тасарруфи беш аз 800 миллон доллар пули нақди чандин корхона айбдор мешавад. Алексей Волосевич дар торнамои бологҳояш бо номи AsiaTerra бо такя ба манбае, ки ӯ мӯътамад сифаташ навиштааст, дар маводи марбут ба Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни як замони хеле пурнуфузи ҳамсари Ислом Каримов – Татяна Каримова – номи ширкатҳое, чун ҷамъияти саҳҳомии «Квартс», корхонаи воҳиди давлатии «ФНПЗ»(Корхонаи коркарди нафти Фарғона), «Қизилқумсемент», «Базаи нафти Фарғона» ва ҷамъияти саҳҳомии «Фарғонаёғмой» зикр шудаанд. Волосевич дар ин робита ба як санади додситонии шаҳри Тошканд аз 20 октябр ишора мекунад, ки дар он 800 миллион долларро рабудани ҷияни ҳамсари президент таасдиқ мешавад.

Алексей Волосевич рӯзи 2 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони гурӯҳи ҷиноӣ танҳо ба Акбаралӣ Абдуллоев 800 миллион доллар пули нақд додаанд. Ин хулосаи айбдоркуниро додситони Тошканд М.Х. Обидов тасдиқ карда, зери он раҳбарони шӯъбаи тафтишоти Хадамоти амнияти милли Узбакистон майори адлия Р.Х. Сиддиқов ва полковники милиса О.В. Бусигин имзо гузоштаанд.”

Қаблан ҳам ба матбуот пайваста аз манобеи ғайрирасмӣ гузоришҳое дар бораи ҳабси Акбаралӣ Абдуллоев дар поёни соли 2013 ва маҳкум ба зиндон шудани ӯ дар тирамоҳи соли 2014 роҳ ёфта буд.

Дар сатҳи расмӣ ин хабар аз ҷониби ягон мақоми Узбакистон то кунун тасдиқ ё рад нашудааст. Аммо манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, муҳокимаи парвандаҳои Акбаралӣ Абдуллоев ва шарикони ӯ моҳи январ баргузор шудааст. Алексей Волосевич, ки ин қазияи пурсарусадоро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, “ба гуфтаи манбаъ, дар миёнаи моҳи январ ҳукми аъзои ин гурӯҳ содир шуд. Вале то имрӯз ба наздикони маҳкумон нусхаи ҳукми додгоҳро надодаанд. Дар асноде, ки ман ба даст овардам, ҷузъиёти мурофиаи пушти дарҳои бастаи ин парвандаҳо нақл карда мешавад.”

Ин журналист манбаашро ошкор накард, вале як нусхаи хулосаи айбдоркунии Акбаралӣ Абдуллоевро дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ гузошт.

Дар ин санади иборат аз 88 саҳифа, ки рӯзи 20 октябр аз сӯи додситони Тошканд мушовири аршади адлия М.Х. Обидов тасдиқ шудааст, гуфта мешавад, гурӯҳи ҷиноӣ ба раҳбарии Акбаралӣ Абдуллоев ба таври ғайриқонунӣ даромади корхонаҳои бузурги вилоятҳои Фарғона ва Навоии Узбакистонро ба ҷайби худ мезад. Дар саҳифаи 14-уми ин санад омадааст, ки “даромади ҷиноии бадастомада аз ҷамъияти саҳҳомии «Квартс», корхонаи воҳиди давлатии «ФНПЗ»(Корхонаи коркарди нафти Фарғона), «Қизилқумсемент», «Базаи нафти Фарғона» ва ҷамъияти саҳҳомии «Фарғонаёғмой» ба маблағи беш аз 800 миллион доллар ба Акбаралӣ Абдуллоев дода шудааст.”

Алексей Волосевич мегӯяд, ин маблағ баробари пули фурӯши ҳосили яксолаи пахтаи Узбакистон аст.

Дар ин айбнома инчунин исми даҳҳо нафар, аз ҷумла раҳбарону муовинҳо, сармуҳосибу сармуҳандис ва мудирони амборҳои ин корхонаҳо ҳам зикр шудааст, ки бар асоси моддаҳои 167, 177 ва 210-уми Кодекси ҷиноии Узбакистон ба тасарруфи моликияти давлатӣ, дуздиву истифодаи ғайримақсаднок, ҳамчунин ба ришвахорӣ айбдор мешаванд.

Алексей Волосевич мегӯяд, бино ба маълумоти ӯ, қисмати асосии мурофиа моҳи январ дар Тошканд доир шуда, муттаҳамон ҳукми зиндон ва ҳукмҳои шартӣ гирифтаанд: “Вале ман дар бораи ҳукми худи Акбаралӣ Абдуллоев – раҳбари ин гурӯҳ – иттилое надорам. Бино ба маълумоти ман, ӯ ҳанӯз 10 декабри соли 2013 боздошт шуда буд ва ба додгоҳ ӯро аз яке аз боздоштгоҳҳои Тошканд оварданд. Маълумоти аз ин бештаре надорам.”

Додситонии кулли Узбакистон низ рӯзи 8 сентябри соли 2014 бо нашри як маълумотнома аз даст доштани ҷияни ҳамсари раисиҷумҳур Ислом Каримов дар аъмоли ҷиноӣ хабар дода буд. Дар ин гузориши расмӣ гуфта мешуд, гурӯҳи муташаккили ҷиноие, ки Н.Содиқов, Р.Мадумаров, Г.Авакян ва дигарон, аз ҷумла духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Гулнора Каримова ташкил додаанд, дар солҳои 2011-2013 бо нархҳои ба таври сунъӣ пойиноварда саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ширкати миллии ҳавопаймоии “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” ба маблағи 5,5 миллиард сӯм, саҳмияҳои «Coca-Cola Uzbekiston Ltd.» ба маблағи 11,9 миллиард сӯм, саҳмияҳои корхонаи коркарди нафти Фарғона ба маблағи 40,1 миллиард сӯм ва саҳмияҳои корхонаҳои дигар ба маблағи 102 миллиард сӯмро тасарруф кардаанд. Қурби расмии имрӯзаи сӯми узбакӣ нисбат ба доллар 2442 сӯм барои як доллар аст ,вале қурби аслии доллар дар саррофиҳои Узбакистон аз 4000 гузаштааст.

Алексей Волосевич мегӯяд: “Бо фармони президент, маҳсулоти ин корхонаҳо бояд дар биржа фурӯхта мешуд. Вале тафтишот мегӯяд, ин гурӯҳ бо бастани шартномаҳои мустақим бо сохторҳои мухталифи тиҷорӣ ин маҳсулотро ба истилоҳ ба “чап” мефурӯхтанд. Ба ҳисоби додситонии кулл, онҳо корхонаи нафти Фарғонаро бо нархи ҳамагӣ чанд миллион доллар харидаанд. Дар ҳоле ки нархи воқеии ин корхонаи бузург чандсад миллион доллар буд.”

Дар пасманзари инҳ ама сарнавишти Акбаралӣ Абдуллоеви 30-сола норӯшан боқӣ мемонад.

Дар тирамоҳи соли 2013, вақте Гулнора Каримова бо “ошӯб дар Твиттер”-аш ба ифшои бархе асрори хонаводаи президенти Узбакистон шурӯъ кард, ҷомиа аз вуҷуди хоҳари ҳамсари президернт бо номи Тамара Собирова хабар ёфт. Сомонаи ахиран басташудаи Uznews.net хабар дода буд, ки Акбаралӣ Абдуллоев ба хонаводаи бонуфузи Акрамовҳо аз Қувасай такя мекард. Бародарон – Содиқ, Акбар, Зокир ва ҳамчунин Шерзод, писари Акбар Акрамов раҳбарони калидии ин клан ба ҳисоб мераванд. Шерзод аз дӯстиони наздики Акбаралӣ Абдуллоев буд ва ин имкон дод, ки Акрамовҳо ба “бизнеси калон” роҳ биёбанд. Бино ба гузориши Uznews.net, аз соли 2002 ба ин тараф Акрамовҳо бо ризоияти хешовандони ҳамсари президент Каримов як қисми корхонаҳои пурдаромади водии Фарғона ва ҳамчунин дар вилояти Навоиро таҳти назорпати худ дароварданд. Бино бар ин манбаъ, гурӯҳи Абдуллоев дар соли 2012 дар водии бе он ҳам дар ҳоли таркиши Фарғона бӯҳрони сунъии нархи бензинро ба вуҷуд овард. Бо амри Шерзод Акрамов, соҳибони нуқтаҳои бензинфурӯшӣ ва корхонаҳо бояд акнун ба раиси корхонаи коркарди нафти Фарғона болоӣ пул медоданд.

Ба ҷуз аз беш аз 800 миллион долларе, ки ба гуфтаи тафтишот, шахсан ба Акбаралӣ Абдуллоев додаанд, дар парванда боз миллионҳои дигаре ҳам зикр мешаванд, ки барои пора ба мақомоти расмӣ ва ҳамчунин барои пардохти ҳаққи аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ сарф шудаанд.

Ин моҷарои аввале нест, кид дар атрофи хонаводаи раисиҷумҳури Узбакистон дар мегирад. Духтари калонии Ислом Каримов – Гулнора Каримова – дар Аврупо ба он айбдор мешавад, ки танҳо барои додани иҷозаи вуруд ба бозори мобили ин кишвари Осиёи Марказӣ аз ширкати шведии Telia Sonera тавассути сохторҳои мухталифи зери назараш 350 миллион доллар ҳақ гирифтааст. Гулнора Каримова баъди ин моҷаро, ба гуфтаи худаш, ба ҳабси хонагӣ андохта шудааст. Ӯву писараш Ислом Каримови хурдӣ ҳоло ҳамсари Ислом Каримови калонӣ - Татяна Каримова – ва духтари хурдии ӯ Лола Тилоева-Каримоваро айбдор мекунанд, ки бо сохтани интригаҳо президентро нисбат ба Гулнораву фарзандонаш дилсард кардаанд.