Консерти Шабнами Сурайë ва Юлдуз Усмонова дар Ню Йорк мебоист моҳи октябр баргузор мешуд. Зимни камбудиҳо дар ташкили он консерт ба моҳи декабр вогузор гашт, аммо баъдан лағв шуд.
Шабнами Сураё рӯзи 5-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари лағв шудани консерташро дар Ню Йорк рад кард ва гуфт, ки таъхири намоиши ҳунарии ӯ танҳо бо делали машғул буданаш ба барномаҳои солинавӣ ба таъхир афтод.
Аммо манобеи Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯянд, ташкилкунандагони ин консерт бо мушкилоте рӯбарӯ гаштаанд. Продюссери шинохтаи ИМА Стелла Бойажан дар ҳоле ки фурӯпошии кори ташкилкунандагонро эътироф кардааст, мегӯяд, номи ӯ иштибоҳан дар сафи продюссерони консерт омада, ӯ ба ин қазия рабте надорад.
Вай мегӯяд: «Ман ташкилкунандаи ин сафари ҳунарӣ нестам. То ҷое медонам, ин консертҳоро касоне баргузор карданӣ буданд, ки аз шоу-бизнес фарсахҳо дуранд.»
Ин дар ҳолест, ки афроди огоҳ аз қазия бидуни бурдани ном, гуфтаанд, хонуме бо номи «С.» ва як соҳибкорирм самарқандӣ аз баргузоркунандагони консерт ба шумор меравад. Бисёриҳо дар зери ҳарфи «С.» хонум Стелла Бойажанро зери гумон бурдаанд, вале ӯ мегӯзянд, ягон пайванд бо ин консерт надоштааст ва надорад.
Бархе аз манбаъҳо мегӯянд, барои ташкили консерт 50 000 доллар сарф шуда бошад ҳам, дар иваз дастикам 2 ҳазор билети тақрибан 40-долларӣ ба фурӯш рафтааст. Ба маълумоти Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ маблағе, ки аз фурӯши билетҳо ба даст омадааст, ба яғмо рафтааст.
Аммо Стелла Бойажан ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, «билетҳоро созмонҳои дигаре мефурӯшанд ва танҳо баъд аз 10 рӯзи баргузории консерт ба ташкилкунандагони он медиҳанд. Дар ҳоли баргузор нашудани консерт пули билет ба муштариён бозгардонида мешавад.»
Мунаққиди шоу-бизнес Ҷасур Ҳамроев дар сомонаи худ менависад, ташкилкунандагони консерт таҷрибаи кофӣ надоштанд ва дар даъватномаи онҳо камбудие роҳ ёфта буд, ки сабаби таъхир дар сафари овозхонон ба Амрико шуд.
Консерти овозхони шинохтаи ӯзбак Юлдуз Усмонова дар Ню Йорк соли гузашта низ бо мушкил рӯбарӯ гашта буд. Ин консертро продюссер Асия Бургос аз театри Master-и Ню Йорк ташкил карда буд. Усмонова ба ӯ занг зада рӯзи баргузории намоишро дигар кард, зеро мебоист дар як маъракаи Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон ширкат мекард.
Тибқи ваъдаи ташкилкунандаҳо, қарор буд консерти муштараки Шабнами Сураё ва Юлдуз Усмонова дар як толори консертӣ ва ҳам дар як киштӣ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мешуд. Шабнами Сураё дар гузашта чандин бор ба ИМА бо ҳадафи сабти клипҳо, ширкат дар консертҳои форсизабонони маҳаллӣ ва ҳамчунин гирифтани ҷоизаи маъруфи Big Apple Award - мукофоти беҳтарин овозхонҳои форсизабонони дунё сафар кардааст. Вай мегӯяд, ҳаргиз дар сафар ба Амрико мушкиле надошт ва ин ҳунарнамоӣ вақти дигар баргузор хоҳад шуд.
Вале манобеи огоҳ бар инанд, ки барои ду овозхон раводиди кории сафари Амрико гирифта нашуда, ба ин далел ҳунарнамоии онҳо лағв шудааст.