Дандонпизишкони шаҳри Кӯлоб аз насби дандони тилло ба сокиноне, ки дандони солим доранд, худдорӣ мекунанд.
Ба қавли пизишкон бештари хоҳишмандони доштани дандони тиллоро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд. Ҳусейн Дониёров, директори Маркази дандонпизишкии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо як қарори дохилӣ тасмим гирифтаанд, дархости муштариёне, ки аз рӯи ҳавову ҳавас мехоҳанд, дандони солимашонро бо дандони тилло иваз кунанд, рад карда мешавад.
Ин пизишки собиқадор мегӯяд, таҷриба нишон дод, ки насби дандони тилло ба ҷои дандони солим мушкили сокинонро бештар мекунад: «Вақте муроҷиат мекунанд ва мо мебинем, ки дандонашон ягон иллат надорад, ҳарчанд, хоҳишаш ҳам бошад, мо радд мекунем. Мо дигар умуман ба чунин нафарон дандони тиллоӣ намегузорем. Ин ҳам аз рӯи тиб ва ҳам аз рӯи мусалмонӣ дуруст нест. Шояд онҳо зарарашро нафаҳманд, лекин дар таҷриба буд, ки одамон чанде пас зарари инро мефаҳманд.»
То ҳол барои аксари ҷавондухтарон муд аст, ки ба хонаи шавҳар бо дандони тилло мераванд. Мо бо Мунира, як ҷавондухтаре, ки ба ҷои дандони солимаш дандони тилло насб кардааст, дар Маркази дандонпизишкӣ сӯҳбат кардем. Ӯ мегӯяд, ба хотири насби чанд дандони тилло дигар дандонҳои солимашро низ иллатӣ кардааст. Мунира меафзояд: "Аз ҳавас дандони тилло кардем, ки ҳозир сад бор пушамймонам. Вақте дар бари дандонҳои соз арра карда, як дандони тилло мегузоранд, дандони соз ҳам илатӣ мешавад. Вақти арра кардан решаи дандонҳои соз суст мешаванд. Пас аз часпондан аллакай пушаймон шуда будам."
Тасмими насб накардани дандони тилло ба ҷои дандонҳои солим дар Маркази дандонпизишкии Кӯлобро аксари волидайн ба хушнудӣ пазируфтаанд. Раҷабмоҳ Ёрова, як сокини Кӯлоб мегӯяд, ба наздикӣ бояд духтарашро ба шавҳар диҳад, аммо ӯ пофишорӣ дошт, то қабл аз издивоҷ ҳади ақал се дандонашро тиллоӣ кунанд. Ин зан мегӯяд, ҷавоби рад додани пизишкон барои онҳо баҳонаи хуб шуд, то дархости духтаршонро амалӣ накунанд.
«Мегуфт, ки ду дандони пешамро тиллоӣ кунед. Диданд, ки ҳама дандонҳояш солим аст ва гуфтанд, ки намекунем. Як баҳонаи хуб шуд, вагарна моро ба ҳоламон намонда буд. Ҳарчанд, ки мегуфтем, зарар дорад, вале ба назар намегирифт, » - афзуд ин ҳамсӯҳбати мо
Дар ҳамин ҳол, Саъдӣ Азизов, як дандонпизишки ин дармонгоҳ мегӯяд, дар гузашта шумораи афроде, ки дандони тиллоӣ доштан мехостанд, зиёд буд, вале ҳоло ин шумора коҳиш ёфтааст. Оқои Азизов афзуд: «Ҳоло шумораи онҳое, ки дандони тилло доштан мехоҳанд дар қиёс ба чанд соли пеш камтар шудааст. Мо бештар ба табобат тавсия медиҳем. Ҳоло бисёриҳо дандонҳои сафед мекунанд. Барои баъзеҳо шарм шудааст. Баъзеҳои дандонҳои хуллагии зард мекунанд, дигарон сафед. Лекин ҳанӯз ҳам ҷавондухатрон ҳавас доранд, лекин мисли солҳои пеш не.»
Аммо на ҳамаи онҳое, ки дандони тилло доранд, ин корро аз рӯи ҳавою ҳавас анҷом додаанд. Зебуниссо, як зани сокини Кӯлоб мегӯяд, ҳама фикр дорад, ки ӯ барои худнамоӣ дандони тилло гузоштааст. «Дандонҳои ман ҳама маъюб буд. Аз зӯромад, дандонҳоямро иваз кардам. Лекин ҳоло ҳар куҷое, ки бинанд, мегӯянд, ки барои худнамоӣ ин корро кардаӣ,» - гуфт вай.
Дар як рӯз беш аз 30 нафар барои насб ва табобати дандон ба Маркази дандонпизишкӣ муроҷиат мекунанд. Худдорӣ кардани табибон аз насби дандони тилло ба ҷои дандонҳои солим дар Кӯлоб дар ҳолест, ки чанд соли пеш президенти икшвар низ аз афзоиши дандондорони тилло дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.