Чаро сохторҳои қудратӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ забон намеёбанд? (ВИДЕО)

​Мақомоти Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки ба қадри кофӣ огаҳ накардани мардум аз хатари ифротгароӣ ва нодида гирифтани нақши ҷомеаи маданӣ, як заъфи онҳо дар мубориза бо ифротгароӣ будааст.

​Мақомоти Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки ба қадри кофӣ огаҳ накардани мардум аз хатари ифротгароӣ ва нодида гирифтани нақши ҷомеаи маданӣ, як заъфи онҳо дар мубориза бо ифротгароӣ будааст. Зикрулло Саидзода, муовини сардори Академияи милисаи вазорати умури дохилӣ гуфт, ноогаҳии ҷавонон аз ғояҳои хатарноки ҳаракатҳои тундрав сабаби гаравидани онҳо ба чунин созмонҳо мешавад. Ин ҳарфҳоро ҷаноби Саидзода рӯзи 31октябр дар Душанбе дар як нишасти марбут ба баррасии мушкилоти афзоиши ақоиди ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, баён кард.

Ӯ гуфт, мутахассисони сохторҳои қудратӣ баъди омӯзиши масъала ва баъди сӯҳбату гуфтугӯҳо бо гумонбарони гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла пешвоёни гурӯҳи мамнӯи "Салафия" ба хулосае омадаанд, ки фосилаи байни сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле калон аст. Дар ҳоле, ки маҳз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд дар коҳиши ин масъала дар ҷомеа саҳмгузор шаванд.

Саидзода ба унвони мисол аз сӯҳбаташ бо раҳбари созмони "Салафия" дар маҳбас, нафаре бо лақаби “Шайх” ёдовар шуд ва гуфт, ин нафар ба ӯ гуфтааст, ки бо вуҷуди баррасии хатарҳои ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф, мардуми оддӣ аз ин баҳсҳо дар канор мемонанд ва огоҳ намешавад, ки ин зуҳурот чист ва чӣ хатар дорад. "Мегӯяд, ки шумо дар як ҷо хатогӣ доред. Шумо, роҳбарон ва шахсони масъул, ба мардуми қаторӣ таваҷҷӯҳ намекунед. Шумо дар конфронсҳо мешинед, бо худ сӯҳбатҳо мекунеду гашта ба хонаҳои худ меравед, валекин ҳамин мақсадҳо ба мардум паҳн намешавад", - гуфт Зикрулло Саидзода дар хулосаи сӯҳбаташ бо раҳбари зиндонии салафиҳо.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ забон намеёбанд?

Ҳарчанд Саидзода аз бурдани номи пурраи раҳбари ин гурӯҳи мамнӯъ худдорӣ кард, вале аввали имсол матбуот дар бораи ҳукми 8 соли зиндони "Шайх Маҳмадӣ” ва ё Муҳаммад Муҳаррамов хабар дода буд, ки бо гуноҳи ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ ба зиндон маҳкум шуд.

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, ки набудани муколама ё гуфтӯгуи байни давлат бо ҷомеаи маданӣ, ё расонаҳои мустақил дар заминаи таҳдидҳои ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз густариши он ҳосили муборизаро алайҳи ин зуҳуроти номатлуб камранг сохтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, бештари аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақаҳои деҳот фаъолият карда ва имконияти онҳо барои дидору гуфтугӯ бо занону ҷавонони деҳот бештар аст. Дар ҳоле, ки ин созмонҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо ифротгароӣ ва пешгирӣ кардан аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ иброз мекунанд, ниҳодҳои давлатӣ аз ин фурсат камтар истифода мекунанд, ё нодида мегиранд. Ба гуфтаи коршинос, аз сӯи дигар, давлати Тоҷикистон аз нерӯи расонаҳои мустақил барои мубориза бо ифротгароӣ дуруст истифода намекунад ва ё баръакс ба корашон халал мерасонад. Нашрияҳо ё расонаҳои мустақил, ки вуҷуди ин мушкилро дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ мекунанд, зери фишору таҳдиди ниҳодҳои давлатӣ қарор мемонанд.

Нуриддин Қаршибоев аз мушкили нашрияи “Азия-Плюс” бо вазорати фарҳанг ёдоварӣ кард, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ нашрияро барои чопи матлаби таҳлилӣ дар бораи хатари ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он расман ҳушдор дод.

Дар нишасти “Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ” мақомот, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ роҳҳои решакан кардани ифротгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ ва ҳамкории тарафҳо дар ин заминаро баррасӣ карданд. Дар нишаст аз ҷумла гуфтанд, ҳамасола дар кишвар даҳҳо нишаст дар бораи хатару таҳдидҳои ифротгароӣ баргузор мешавад, аммо ҳеҷ хабаре аз онҳо ба мардум, ки умдатан дар деҳот ба сар мебаранд, намерасад. Ҳудуди 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба Интернету нашрияву дигар расонаҳои мустақил дастрасӣ надоранд.


Бештар аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ва ё дигар гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд. Давлати Тоҷикистон то кунун чандин созмони мазҳабӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизб-ут-Таҳрир, Ҷамоати ансоруллоҳ ва чандин созмони дигарро ба феҳрасти созмонҳои мамнӯъ дохил кардааст, даҳҳо нафар барои узвият ё дастгирии ақидаҳои ин созмонҳо зиндонӣ шудаанд. Ба эътимоди

Файзулло Баротзода

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, бӯҳрони иқтисодӣ, паст будани сатҳи зиндагӣ, фақру бекорӣ, нобоварӣ ба адолати судӣ ва ноором будани Афғонистони ҳамсоя аз омилҳои аслии пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мешавад.

Дар ҳоле ки дар ҳамоиш масъулони давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ дар мубориза бо ифротгароӣ даъват карданд, аммо рӯшан нашуд, ки ин ҳамкорӣ чӣ гуна, бо кадом роҳу равиш ва дар кадом сатҳ сурат мегирад.