Изҳороти Сергей Лавров рӯзи 14-уми январ зимни нишасти хабарии солонаи ӯ садо дод.
Ин тозатарин баёнияи мақомоти Русия дар остонаи пешниҳооди эҳтимолии оташбас барои ҷангест, ки моҳи оянда аз оғози он се сол пур мешавад.
Раисҷумҳури мунтахаби Амрико гуфтааст, мехоҳад бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот кунад ва рӯ ба рӯ масъалаи ҷанг дар Украинаро ҳал кунад. Ҷанге, ки то кунун аз ҳар ду ҷониб беш аз 1 миллион кушта ва захмӣ ба ҷой гузоштааст.
Русия, ки нерӯҳояш дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 дарсади хоки Украинаро ишғол кардаанд, ҳамлаи худро ба ин кишвар бо чанд далел, аз ҷумла, пешгирӣ аз пайвастани ин кишвар ба НАТО, тавҷеҳ кардааст.
Лавров дар нишасти хабарии сесоатаи худ ба хабарнигорон гуфт, "мо мунтазири ташаббусҳои вижа ҳастем. Президент Путин ҳамчунин чанд бор гуфтааст, ки омодаи дидор аст, аммо ҳанӯз пешниҳоде ироа нашудааст".
"Президент Трамп ҳам гуфт, ки Путин мехоҳад мулоқот кунад ва ӯ ба ин бовар аст, ки онҳо бояд мулоқот кунанд, аммо аввал бояд расман ба кор шурӯъ кунад," -- афзуд ӯ.
Дар рӯзҳои охири маъмурияти худ, президенти Амрико Ҷо Байден ба Украина барои харидани аслиҳа миллиардҳо доллар ҷудо кард.
Дар Киев мақомоти украинӣ низ барои шунидани пешниҳоҳои сулҳи Трамп ибрози омодагӣ кардаанд.
Трамп рӯзи 13-уми январ дар мусоҳибае бо Newsmax таъкид кард, ки Путин омодааст, пас аз маросими савгандёдкунии Трамп дар 20-уми январ билофосила бо ӯ мулоқот кунад. Трамп афзуд, "медонам, ки ӯ мехоҳад мулоқот кунад ва ман ба зудӣ бо ӯ мулоқот хоҳам кард".
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия андаке қабл аз нишасти хабарии Лавров ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз дар бораи мулоқоти Трамп ва Путин мувофиқа нашудааст.
Майк Валтз, фарди мавриди назари Трамп барои мақоми мушовири амнияти миллии Амрико низ бар талоши дипломатии нав барои ҳаллу фасли даргирӣ таъкид кард. Аммо ӯ ҳамчунин ба дархости Украина барои хуруҷи Русия аз ҳама сарзаминҳои ишғолии Украина ишора кард. Талабе, ки амалӣ шудани он душвор ба назар мерасад.