Лавров дар Маскав ҷаласаи муколамаи Афғонистонро бо иштироки Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии “Толибон”, баргузор кард.
Вай изҳор дошт, ки Маскав аз Ғарб мехоҳад, барои барқарории баъдиҷангии Афғонистон масъулият дошта бошад. Сергей Лавров ҳамчунин даъват кард, ки таҳримҳо бекор карда шаванд ва дороиҳои ҳабсшудаи Кобул баргардонда шаванд.
“Толибон” зиёда аз бист сол боз зери таҳримҳои Ғарб қарор доранд. Дар оғоз, ин таҳримҳо бо ҳадафи маҳдуд кардани сармоягузориҳои “Ал-Қоида” ва созмонҳои дигари террористӣ ҷорӣ шуда буданд.
Ба навиштаи манбаъ, дар муколамае, ки соле як бор баргузор мешавад, намояндагони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна иштирок карданд. Маълум нест, ки оё намояндагони Тоҷикистон низ дар ин ҷаласа ҳузур доштанд ё не.
Ба фарқ аз Душанбе, ҳамсояҳои дигари минтақа барои хориҷ кардани “Толибон” аз феҳристи созмонҳои террористӣ ва барқарор кардани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ талош мекунанд.
Маскав ҳатто пеш аз он ки "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 ба қудрат баргарданд, бо ин гурӯҳ иртибот барқарор карда буд. Ҳоло Русия бо маъмурияти амалкунандаи Кобул робитаҳои хуби сиёсӣ дорад.
Ба навиштаи хабаргузориҳои расмӣ, Александр Бортников, раиси ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия дар ин нишаст изҳор дошт, ки Маскав хоҳони ҳамкориҳои "мутақобилан судманд" бо хадамоти махсуси "Толибон" мебошад.
Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии "Толибон", гуфт, дар хоки Афғонистон марказҳои террористии гурӯҳи "Давлати исломӣ" вуҷуд надоранд ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ аз марказҳои худ дар хориҷа вориди кишвар мешаванд. Лавров "Толибон"-ро барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои ДОИШ ситоиш кард.
Ин музокирот дар ҳолест, ки мақомот дар Душанбе қаблан гуфта буданд, ки ҳукумати "Толибон"-ро то замоне ки як ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмию сиёсӣ дар Афғонистон таъсис нашавад, эътироф намекунанд. Тайи моҳҳои охир аломатҳое ба назар мерасад, ки Тоҷикистон бо "Толибон" аз пушти саҳна муколама мекунад. Сафарҳои пинҳонии раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов, дар моҳи август, ки дар матбуоти маҳаллӣ зикр нашуд, яке аз нишонаҳои ин музокироти махфӣ мебошад.
Тоҷикистон ва Афғонистон қариб 1400 километр марзи муштарак доранд. Мақомот дар Душанбе ин сарҳадро ҳамчун манбаи эҳтимолии убури гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир хатарзо медонанд.