Зеленский гуфт, Лаҳистон муштзани машҳури Украинаро раҳо кард

Александр Усик. Акс аз моҳи августи соли 2023

Александр Усик, муштзани маъруфи Украинаро, ки шоми 17-уми сентябр дар фурудгоҳи Кракови Лаҳистон (Полша) дастгир шуда буд, раҳо кардаанд.

Владимир Зеленский, президенти Украина, дар ин бора дар "Телеграм" паём дод.

Аз ин пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе ба гардиш даромад, ки Усикро дар фурудгоҳи Краков ва завлона ба даст нишон медод. Ҳанӯз иллати боздошти кӯтоҳмуддати ӯ маълум нест.

Варзишгар дар нигоштае дар Инстаграм боздошти худро дар Лаҳистон “суитафоҳум” донист, ки “зуд ҳал шуд”.

Александр Усик, қаҳрамони WBC, WBO ва WBA, дар Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон медали тило гирифтааст. Ӯро дар Украина қаҳрамони миллӣ медонанд.

Вай аз талошҳои Украина дар муқобили ҳамлаи идомадори Русия ба ватанаш пуштибонӣ кардааст.