Ҷои таваллуд? Мошини "Опел"

Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Хатлон мавридҳое мушоҳида мешаванд, ки занон бино бар дурии таваллудхона, кӯдакони худро дар роҳ ва гоҳо дар мошин ба дунё меоранд.

Бо наздик шудани мӯҳлати таваллуди фарзанд занони ҳомиларо дар деҳоти бидуни духтур ва фарсахҳо роҳ дур аз бемористон тарс фаро мегирад, ки агар дарди таваллуди тифл шабона сар шавад, оё онҳо ба бемористон мерасанд ё на. Ин нигаронӣ аз он маншаъ мегирад, ки дар чанд соли охир чанд зан аз ҷамоати “Машъал”-и ноҳияи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон бачаи худро ба бемористон нарасида, дар дохили мошин дар ҳузури ронандагон таваллуд кардаанд.

Моҳистон, зани 32-сола аз деҳаи Томчӣ фарзанди аввалашро се сол пеш дар хонаи падараш дар шаҳри Сарбанд таваллуд кард ва як моҳ пеш фарзанди дувумашро дар роҳ ба сӯи беморхона дохили мошин ба дунё овард. Моҳистон мегӯяд, ки вақти таваллуд бештар аз он бим дошт, ки ҳангоми ҳаракати мошин ва дар ҷои танг фарзандашро аз даст диҳад:

“Фарзанди авваламро дар хона таваллуд кардам. Дар деҳа духтур ва бунгоҳи тиббӣ нест, дуюмиро дар дохили мошин дар назди ронандаи ношинос таваллуд кардам. Ман як зани мусалмонам ва аз ин ҳолат шармам омад. Вале бештар дар ин фикр будам, ки мабодо фарзандамро аз даст диҳам, чун мошини танг буд ва ман хунравӣ доштам, беҳуш шудам, вақти расидан ба таваллудгоҳ кӯдак алакай ба дунё омада буд.”

Сафарбек Қаландаров

Деҳаи Томчӣ, ки бунгоҳи тиббиву духтур надорад, вале роҳҳои хеле хароб дорад, дар фосилаи 70 километр аз ноҳияи Вахш ва 25 километр дуртар аз шаҳри Сарбанд ҷойгир аст. Дар ин русто ҳудуди 100 хонавода ба сар мебаранд ва ронандаҳои деҳа маъмулан масъулияти ёрии таъҷилиро дар дӯш доранд.

Сафарбек Қаландаров, як ронанда аз деҳаи Томчӣ мегӯяд, ки борҳо занҳои ҳомиларо ба бемористон бурдааст, ки гоҳо занон дар дохили мошинаш таваллуд кардаанд: “Аз сабаби набуди духтур ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳа, мо мушкил дорем. Нав зани ҳамсояаамон дар дохили мошинам таваллуд кард, ки дигар ҷои қафо гаштан надошт, занро ба беморхонаи шаҳри Сарбанд мебурдем. Набудани духтур душвор аст. Кӯдаконро Сафаралӣ, Сафарбек ном мемонад, чун модаронашон онҳоро дар сафар таваллуд мекунад. “

Сафарбек Қаландаров гуфт, ки вақте кӯдакон дар мошинаш таваллуд мешаванд бо шӯхӣ ба пайвандони онҳо мегӯяд, ки номашро “Опел” гузоранд. Кӯдакон дар ин деҳа дохили “Некси” ва “Жигули” низ таваллуд мешаванд.

Дарёгул Ғафурова

Дарёгул Ғафурова, зани 50-сола аз деҳаи Томчи аслан маълумоти тиббӣ надорад, вале барои занҳои ҳомилаи деҳа доягӣ мекунад ва дар вақти таввалуд дохили мошин ба онҳо кӯмак мерасонад. Дарёгул Ғафурова мегӯяд, ки дар як сол 3 нафар дар дохили мошин таваллуд карда ва дар се соли ахир 20 нафар, ки ба бештари онҳо Сафармоҳ, Моҳсафар, Сафарбек ва Сафаралӣ ном гузоштаанд.

Ӯ афзуд: “Занонеро, ки дар хона таваллуд карда наметавонанд, маҷбур ба бемористон мебарем, дина шаб як зан таваллуд кард, ки ман бо вай будам, дар роҳ таваллуд кард. Гоҳо заноне, ки дар роҳ таваллуд мекунад, боз аз ними роҳ гашта ба хона меоянд, маълумоти тиббӣ надорам, вале аз барои Худо кӮмак мекунам. Гоҳо духтурҳои шаҳри Сарбанд занҳои моро қабул намекунад, мегӯяд, ки ба ноҳияи худатон равед, вале роҳ ба ноҳияи худамон дур аст, ки то онҷо ҳоли зан бад мешавад.”

Сокинони деҳаи Томчӣ, ки чанд соли пеш худашон бо таври ҳашар чан соли пеш мактаб сохтаанд, мегӯянд, ки агар ҳукумати ноҳия барои онҳо духтур ҷудо кунад, онҳо омодаанд бунгоҳи тиббиро бо роҳи ҳашар бунёд кунанд.

Фариштамоҳ Зоҳидова, муовини раиси ноҳияи Вахш рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ мушкили сангини мардуми деҳаи Томчи ва чан деҳаи дигари ҷамоати “Машъал”-ро тасдиқ карда гуфт: “Ҳозир иқдом гирифтаем, ки бо кӯмаки ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар деҳаи Томчӣ ду бунгоҳи тиббӣ бисозем, худам бо мушкили мардум ошно ҳастам, вале талош дорем, ки мушкили онҳоро ҳал кунем.”

Шерафган Иброҳимов, муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон мегӯяд, дар ҳудуди вилоят мушкили нарасидани бунгоҳҳои тиббӣ ҷой дорад, ки дар чаҳорчӯби барномаи “Рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон” бартарф хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ки барои татбиқи ин барнома 300 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Нигина Убайдуллоева, сардори Маркази модару кӯдаки раёсати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди камбуди бунгоҳҳои тиббӣ ва норасоии духтурони момадоя дар ҳудуди вилояти Хатлон, занони ҳомила хатари таваллуди хонагиро медонанд ва дар ҳолати шурӯи дарди таваллуд, худро ба бемористон мерасонанд.

Хонум Убайдуллоева гуфт, ки дар вилояти Хатлон соли ҷорӣ 6 ҳазору 862 зан таваллуд кардааст, ки нисбати соли гузашта 2,1 дар сад кам шудааст ва аммо дар мавриди таваллуд дар роҳ ва дохили мошин изҳори бехабарӣ намуд: “Дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон зоиши хонагӣ баланд аст, чун номуфовиқ будани роҳҳои мошингузар ва норасоии кадрҳо аст, ки онҷо норасоии кадрҳои тиббӣ ҷой дорад, ки бо иштироки заноне, ки маълумоти тиббӣ доранд, таваллуд мекунад. Аммо момадояҳое, ки умуман маълумоти тиббӣ надошта бошанд, ҷой надорад.”

Ба иттилои раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар деҳоти дурдасти вилоят ба беш аз 20 духтури момадоя ниёз доранд.

Дар 11 моҳи соли 2014 зиёда аз 80 ҳазор зани ҳомила сабт шудаанд, ки ба иттилои духтурони маркази модару кӯдак беш аз 50 дарсади онҳо аз камхунӣ ранҷ мебаранд ва дар сурати дар роҳ, дохили мошин ё бидуни духтур таваллуд кардан, хатари марг ба онҳо таҳдид мекунад.