Марзи ноором

Миёни Қирғизистон ва Узбакистон 58 минтақаи марзии баҳсбарангез вуҷуд дорад.

Яке аз қитъаҳои баҳсбарангез дар ноҳияи Узгенсии вилояти Оши Қирғизистон ва Андиҷони Узбакистон мебошад.

Постгоҳи "Достук" дар марзи миёни Қирғизистон ва Узбакистон.

Яке аз нуқтаҳои ҷанҷолбарангез миёни ду кишвар, ки ҷониби Узбакистон онро Сӯхи Шимолӣ ном мебарад.

Ноҳияи Сӯх дар вилояти Фарғонаи Узбакистон. 

Ба иттилои мақомоти вилояти Бодканд, рӯзи шашуми январ сокинони Сӯх беш аз 30 тан аз сокинони Қирғизистонро ба гарав гирифтанд, ки дар миёни онҳо занон ва кӯдакон буданд.

Нақшаи бахши узбакии як ҷазира-қаламрави дар ноҳияи Сӯхи Узбакистон. Ҷое, ки рӯзи 6-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон ба гарав гирифта шуданд.

Рӯзи 2-юми июни соли 2012 дар ҷазира-қаламрави ноҳияи Сӯхи Узбакистон як тонки низомиёни узбак  мошини як шаҳрванди Қирғизистонро пахш намуд. 

Дар моҳи сентябри соли 2012 марзбони узбак як ҷангалбони қирғизро дар вилояти Ҷалолобод боздошт карданд.

Муноқишаҳои марзӣ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон низ рух медиҳад.

Дар марзҳои байнидавлатӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилоятҳои Бодканд ва Суғд, 270 километр марзбандӣ нашудааст. 

Ҷазирақаламрави Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон дар марз бо вилояти Бодканди Қирғизистон