Дар Душанбе аз интихоботи Қирғизистон чиро интизоранд? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шиорҳои дӯстӣ бо Тоҷикистон дар интихоботи Қирғизистон

То рӯзи интихоботи президентии Қирғизистон - ҳамсояи Тоҷикистон - як рӯз мемонад ва таваҷҷӯҳ ба ин ҳодисаи сиёсӣ дар Душанбе ва пойтахтҳои дигари минтақа кам нест. Рӯзи 13-уми октябр мақомоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтанд, ки ду нозири худро барои мушоҳида аз ҷараёни овоздиҳӣ ба Бишкек фиристоданд.

"Натиҷаи ин интихобот муҳим аст"

Дар Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон тахминан 976 км марзи муштарак дорад, аз раҳбари ояндаи ин кишвар интизороти худро доранд.

Дар Душанбе аксари коршиносон мегӯянд, ки барои онҳо донистани ҷараён ва ба хусус натиҷаи интихоботи Қирғизистон ҷолиб аст. Чун, ба қавли онҳо, ба фарқ аз интихоботҳои дигар натиҷаи ин интихобот пешгӯинашаванда аст ва бо наздик омадани овоздиҳӣ шиддати мубориза дар миёни номзадҳо афзоиш меёбад. Аз миёни 13 номзади интихоботӣ, шаҳрвандони Қирғизистон бояд барои як нафар овоз диҳанд ва пешгӯӣ мешавад, ки рақобати асосӣ миёни ду номзад -- намояндаи ҳизби ҳокими сотсиал-демократ Сооронбой Ҷеенбеков ва номзади мустақил Омурбек Бабанов, сурат мегирад.

​Назархоҳиҳои мухталиф шанси ин ду номзад барои пирӯзӣ дар интихоботро зиёд арзёбӣ мекунанд ва пешгӯӣ мекунанд, ки имкони баргузории даври дуюми интихобот зиёд аст. Рақобати ду номзад дар ҳафтаҳои охири пеш аз интихобот шиддат гирифт ва сабаби он ҳам мулоқоти Бабанов бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев буд. Президент Алмосбек Отамбоев ин мулоқотро ҳамчун мудохила ба умури дохилии Қирғизистон маҳкум кард ва баъд аз ин фаъолона пуштибонӣ аз номзадии Ҷеенбековро дар манотиқи кишвар ҳам идома дод.

Дар чаҳор соли ахир чанд дафъа дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон таниш ба вуҷуд омад.

Дар Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон тахминан 976 километр марзи муштарак дорад, аз раҳбари ояндаи ин кишвар интизороти худро доранд. Баҳсҳои гоҳе доғу хушунатзои марзӣ, даъвоҳои марбут ба дастрасӣ ба обу захираҳои дигари табиии рустоҳои наздимарзӣ аз мушкилотест, ки солҳои истиқлолият пайваста дар равобити ду кишвар буруз кардааст. 400 километр марзи ду кишвар мақоми баҳсбарангез дорад ва дар давоми 25 соли охир музокироти комиссияи баландпояи ду кишвар натавонист, ин масъаларо ҳаллу фасл кунад.

Соли 2014 дар равобити ду ҳамсоя мушкилоти марзӣ аз доғтарин масъалаҳо буд ва дар давоми як сол марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзиро хомӯш кардаанд. Он сол дар маҷмӯъ 6 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Бархе мегӯянд, Тоҷикистон хостори ин аст, ки дар Қирғизистон раҳбаре сари кор ояд, то тавонад аз роҳи музокироту муколамаи сиёсӣ ба баҳсҳо нуқта гузорад.

Масъалаи равобит бо Тоҷикистон дар барномаи номзадҳо

Қодиршоҳи Мурувват.

Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, яке аз он нозиронест, ки барномаи номзадҳои интихоботиро арзёбӣ мекунад. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Бишкек Қодиршоҳи Мурувват гуфт, табиист, ки барнома ҳамаи номзадҳо ба интихобкунандаҳои дохилӣ равона шудааст. Вале боз ҳам аксари онҳо дар барномаҳои худ сиёсати хориҷӣ ва равобит бо ҳамсояҳоро зикр мекунанд.

Ӯ гуфт, дар барномаи интихоботии намояндаи ҳизби ҳокими сотсиал-демократ Сооронбой Ҷеенбеков бештар ҳарфи нек оид ба густариши муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мушоҳида мешавад. “Тоҷикистон дар барномаи интихоботии Ҷеенбеков матраҳ аст. Вай дар сурати пирӯз шудаанаш робитаҳоро беҳбуд хоҳад бахшид ва сиёсати феълии Қирғизистонро нисбат ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон такмил хоҳад кард", - афзуд ӯ.

"Мо тарафдори номзаде ҳастем, ки муносибатҳоро беҳтар кунад"

Коршиносон дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки раиси ҷумҳури амалкунанда Алмосбек Отамбоев дар панҷ соли раҳбарии кишвараш боре ҳам аз Тоҷикистон сафари расмӣ накард ва ҳеҷ таҳаввулоти ҷиддие дар ҳамкорӣ бо ҳамсояи наздиктарини худ надошт. Бо вуҷуди як андоза бетарафӣ дар робита бо густариши ҳамкориҳо, тавонист мизони ҳамкориҳоро дар як сатҳ нигоҳ дорад. Бархе коршиносон мегӯянд, таҷрибаи равобити кишварҳои ҳамсоя дар минтақа нишон медиҳад, ки бетарафӣ назар ба сардии равобит ваё ихтилоф боз ҳам беҳтар аст.

Неъматулло Мирсаидов.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир равобити Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи ҳасана қарор дорад. Ӯ гуфт, Тоҷикистон, интизори ба қудрат расидани нафарест, ки эътимоди феълиро зери суол набарад. "Дар ҳалли баҳсҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон таҳаммули зиёдро Душанбе нишон додааст. Мо ҳатман тарафдори нафаре аз номзадҳое ҳастем, ки ин иртиботи ҳасанаро идома диҳад. Масъалаи чарогоҳу роҳ ва қитъаҳое байни ду кишвар ҷой дорад, ки аз манбаъҳои низоъ ба шумор меоянд. Аз ин рӯ, номзади хирадманд ва шахси хирадманд муносибатҳоро аз пештара дида беҳтар мекунад", - афзуд Неъматулло Мирсаидов.

Интихоботи начандон одӣ

Аксар коршиносон ва журналистони тоҷик мегӯянд, ҷараёни интихоботи Қирғизистонро тавассути манобеи интернетии хабарӣ пайгирӣ мекунанд ва интизори инро ҳам доранд, ки натиҷаи ин рақобат баҳси сахте миёни номзадҳо мешавад. Дар давоми 25 соли истиқлолият дар ин кишвар ду дафъа инқилоб шудааст, ки бо сарнагунии президентони муттаҳам ба фасод – Аскар Оқоев дар соли 2005 ва Қурмонбек Боқиев дар соли 2010 анҷомид.

Як дафъа ин кишварро ба мӯҳлати муваққат ва ё дар давраи гузариш президенти зан Роза Отунбоева раҳбарӣ кардааст. Алмосбек Отамбоев ҳам, ки аз тими инқилобгарони Отунбоева буд, соли гузашта равобиташ бо шарикони сиёсии пешинро канд ва зери интиқод қарор гирифт. Отамбоевро дар хиёнат ба ормонҳои инқилоб, кӯшиши тамаркузи қудрат ва тавсеаи нуфузаш дар ҳукумат, ҳамла ба матбуот ва зиндонӣ кардани рақибони ашаддии сиёсиаш, муттаҳам мекунанд.

Баҳори соли ҷорӣ яке аз номзадҳои калидии интихоботи раёсатҷумҳурӣ Омурбек Текебоев бо гумони ришвахорӣ боздошт ва моҳи август ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Сиёсатмадор ҳукми худро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад. Отамбоев ҳамеша аз тасмиму иқдомҳои худ ҳимоят карда, худро як раҳбари навҷӯ, демократ ва пойбанд ба қонун, ситоиш кардааст.

То куҷо ин сифатҳои Отамбоев барои пирӯзии номзади мавриди назари ӯ Сооронбой Ҷеенбеков кумак мекунад, натиҷаҳои интихобот нишон хоҳанд дод. Интизор меравад, субҳи 16-уми октябр натиҷаҳои аввалияи интихобот эълон шавад.