Танҳо дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Мақомот ва пайвандони қурбониён ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаби 28 ба 29-уми май шаш узви ду оила кушта шудаанд. Як оилаи кушташуда тоҷик ва хонаводаи дигар қирғиз ҳастанд. Мақомот дар бораи воқеа расман хабар надоданд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, оилаи тоҷик аз модар ва ду фарзанд иборат аст:
- Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола
- Нозанин Аҳмедоваи 17-сола
- Дамир Аҳмедови 14-сола.
Пайвандонашон гуфтанд, дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд ва ҷасадҳоро дафн карданд. Маҳбуба Аҳмедова дар шифохонаи деҳа парастор буд ва фарзандонаш дар мактаб мехонданд. Шавҳараш Баҳодур Аҳмедов ҳангоми ҳодиса дар Русия қарор доштааст.
Аз оилаи кушташудаи қирғизтаборҳо Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола ном мебаранд. Дар он шоми ҳодиса се кӯдаки Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва Қурбонгул Иброҳимова низ ҳамроҳашон буда, зинда мондаанд.
Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, аксар пайвандони ин хонавода дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Зулхо Иброҳимова муовини мудири мактаби деҳаи Санҷидзор будааст. Дар ин мактаб асосан хонандагони қирғизтабор мехонанд, вале феълан дар мактаб на муаллимон ва на толибилмон ҳастанд.
Мақомоти интизомӣ то ба ҳол ангеза ё сабаби кушторро расман шарҳ намедиҳанд. Сокинони минтақа ва баъзе аз пайвандон дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, ки аз манзили кушташудаҳо маблағу дороӣ гум шудааст. Радиои Озодӣ феълан ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мавзуъ нома навиштааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳем кард.
Аз ин пеш ҳам чанд нафар дар гӯшаҳои дигари Конибодом ба таври мармуз кушта шудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо. Мақомот дар бораи онҳо низ маълумоти муфассал намедиҳанд.
Ин вазъ бисёре аз хонаводаҳо ва пайвандони онҳоро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доранд, нигарон кардааст. Онҳо ва сокинони ин минтақа хоҳиш доранд, ки мақомот омилони қатлҳоро ҳарчӣ зудтар ифшо ва боздошт кунанд.