Кӯбокӯби "Давлати исломӣ" бо пешмаргаҳои курд

Кӯбонӣ дар дуду оташи ҷанг

Мусаллаҳони курд, ки аз шаҳри курднишини Кубонӣ дифоъ мекунанд, мегӯянд, ҳамлаҳои ҳавоии Амрико пешрафти пайкорҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро боздошт, аммо қатъ накард.

Бино бар хабарҳо, мусаллаҳони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мавзеъҳои ҳарбии худро дар фарози ҷанубии теппаи Мишта Нур, дар дукилометрии шаҳри Кӯбонии Сурия таҳким мебахшанд. Ин баландӣ аз лиҳози стратегӣ барои ҳарду тарафи ҷанг -- гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҳимоятгарони курди шаҳри Кӯбонӣ муҳим аст. Нерӯҳои пешмаргаи курд ва низомиёни сурёнӣ фарози шимолии наздик ба шаҳри ин теппаро таҳти назорат доранд ва шаҳри Кӯбонӣ (ба арабӣ – Айн-ул-Араб, яъне Баҳори Араб) ду ҳафта ба ин сӯ дар муҳосираи ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” аст.

Зарбаҳои ҳавоии Амрико ба ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” аз пешрати онҳо ба самти шаҳр ҷилавгирӣ кардааст. Аммо як маъмури маҳаллии Кӯбонӣ бо номи Идрис Наҳсин гуфт, қисме аз нерӯҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” то як километр ба шаҳр наздик шудаанд ва зарбаҳои ҳавоӣ ба танҳоӣ қодир нахоҳанд буд, ки онҳоро боздоранд. Вай аз камбуди ҳамоҳангӣ байни нерӯҳои курд ва эътилофи байналмилалӣ шикоят кард.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Лондон марказ дорад, мегӯяд, як зани размандаи курд худро дар мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шарқи Кӯбонӣ тарконда ва чандин ҷангиро куштааст. Кӯбонӣ шаҳре дар наздикии марзи Туркия ба яке аз саҳнаҳои муҳими ҷанги байнулмилалии зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” табдил ёфтааст.

Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Амрико хабар дод, ки ҳарбиёни ин кишвар рӯзи 4-уми октябр се дафъа мавзеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ҳадаф гирифтанд. Рӯзи 5-уми октябр ҳавопаймо ва чархболҳои амрикоӣ шаш бор ба мавзеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар куҳдомани Мишта Нур зарба заданд.

Ба гузориши Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар ин ду рӯз 33 нафар аз пайкорҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва 23 тан аз муҳофизони Кӯбонӣ кушта шудаанд.

“Давлати исломӣ” аз 16-уми сентябр ба ин сӯ Кӯбониро ҳадаф қарор додааст ва мехоҳад, бо ишғоли он назоратро бар марзи Сурия ва Туркия ба даст орад. Аз оғози даргириҳо то ҳоло зиёда аз 300 ҳазор сокини шаҳр аз он фирор карда ва дар Туркияи ҳамсоя панаҳ бурдаанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар моҳи июн қисматҳои бузурге аз Сурия ва Ироқро ишғол ва дар ин қаламрав эълони хилофат кард. Ин гурӯҳ ба зулму бераҳмии густарда, қатлҳои оммавӣ, одамрабоӣ, шиканҷа ва ба ғуломӣ ҷалб кардани занон айбдор мешавад.

Акс аз Кӯбонӣ

Баъд аз аввалин зарба ба ин гурӯҳ дар моҳи август, Амрико зидди он як эътилофи ҳампаймонҳоро таъсис дод. Бритониё, Фаронса, Белгия, Ҳолланд дар ҳамлаҳо ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва 5 давлати араб – Баҳрайн, Урдун, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб - дар ҳамлаҳо алайҳи ҷангиён дар Сурия шарики Амрико шуданд.

Порлумони Туркия ҳафтаи гузашта ба ҳукумати ин кишвар иҷоза дод, ки ба маъракаи ҳарбӣ шарик шавад, вале Анкара то ҳоло ҳеч нақшаи ҳарбиеро эълом надоштааст.

Дар ин байн ноиб-президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 5-уми октябр ба шоҳзодаи валиҳади Имороти Араб занг зад, то шарҳ диҳад, ки манзураш аз паёми ҳафтае пеш ин набуд, ки кишварҳои халиҷи Форс аз пайкорҷӯёни Ал-Қоида дар Сурия ҳимоят мекунанд. Кохи Сафед мегӯяд, Байден бо шоҳзода Муҳаммад бин Зойид, валиаҳди Абӯ -Забӣ суҳбат кардааст.

Дар ду рӯзи охир бори дувум аст, ки Байден маҷбур мешавад, ба шарикони калидии кишвараш маънии паёми ҳафтаи гузаштаи худро шарҳ диҳад.

Рӯзи 2-юми октябр Байден дар Донишгоҳи Ҳарвард гуфт, ҳампаймонҳои Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла Туркия, Арабистони Саудӣ ва Имороти Араб гурӯҳҳои тундрави Сурияро, ки бо Ал-Қоида пайванд доштанд, пул ва силоҳ доданд, то режими президент Башор Асадро ба ҳам зананд.

Кохи Сафед мегӯяд, Байден дар гуфтугӯи телефонӣ манзури худро шарҳ дод ва аз иқдоми Иморот баро ширкат дар ҳамлаҳои ҳавоии таҳти сарварии Амрико ситоиш намуд. Пештар, рӯзи 4-уми октябр Байденро зарур омад ба раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон занг занад ва узрхоҳӣ кунад.