Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал: “Касе бо нияти бад ба Тоҷикистон ояд, нобуд хоҳад шуд”


Амирқул Азимов, раиси Кумитаи дифоъ ва амният дар Маҷлиси Намояндагон
Амирқул Азимов, раиси Кумитаи дифоъ ва амният дар Маҷлиси Намояндагон

Дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳадде тавону омодагӣ доранд, ки нахоҳанд гузошт, нерӯҳои тахрибкор вориди хоки Тоҷикистон шаванд.

Амирқул Азимов, собиқ дабири Шӯрои амният ва ҳоло раҳбари Кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон масъалаи “Давлати Исломӣ”-ро ба баррасӣ гирифта, барои ҳузур наёфтани аъзои он дар дохили кишвар омода шудаанд. Аммо генерал Азимов аз ҷузъиёти бештари ин мавзӯъ худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “тамоми гурӯҳҳое, ки бо нияти бад ба сӯи Тоҷикистон раҳсипор мешаванд, дар марз нобуд хоҳанд шуд”.

Собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки рӯзи 6 октябр бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин замина сӯҳбат мекард, таъкид дошт, “Шумо худатон таърихи Тоҷикистон ва артишу хадамоти махсуси кишварро медонед. Чӣ вазниниҳое ба сари мардум наомада буд. Ҳамаи онро паси сар карданд. Бо боварӣ гуфта метавонам, кадом қуввае, ки агар бо нияти бад ба сӯи Тоҷикистон раҳсипор бошад, дар марз несту нобуд мешавад.”

Генерал Азимов дар ин ҷои сӯҳбаташ аз муборизаи мақомоти қудратии Тоҷикистон бо аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва гуруҳи Алии Бедакиву Мулло Абдулло ҳам ёдоварӣ кард. Ӯ гуфт, "Давлати Исломӣ" наметавонад на дар Афғонистон нуфуз пайдо кунад ва на ба марзи Тоҷикистон наздик шавад. Зеро мақомоти амниятии кишвар ҳамаҷониба омода ҳастанд.” Дар ҳайати гуруҳи "Давлати Исломӣ", ки ҳоло Амрикову муттаҳидонаш алайҳи он дар Ироқу Сурия меҷанганд, атбои Тоҷикистон низ ҳастанд ва ду моҳи пеш яке аз онҳо баъди ба даст овардани Раққаи Сурия амири ин минтақа интихоб гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки се ҳафтаи пеш сурат гирифт, гуфт, дар Сурия ва ғолибан дар сафи нерӯҳои “Давлати исломӣ” то 190 шаҳрванди тоҷик меҷанганд ва то имрӯз 30 ҷангии тоҷик дар Сурия кушта шудаанд. Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар оғози соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии Ал-Қоида ҷудо шуда, дар байни ҳамагӣ чанд моҳ ба таври ногаҳонӣ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард.

Ин гурӯҳ, ки ибтидо “Давлати исломии Ироқу Шом” ном дошт, баъди пешрафтҳояш дар ин ду кишвар аз азмаш барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ хабар дод ва раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро ҳатто “халифа” эълон кард. Бино ба як харитае, ки расонаҳои ғарбӣ нашр кардаанд, “хилофат”-и “Давлати исломӣ” бояд то 5 соли оянда ба тамоми қаламрави давлатҳои мусалмоннишин – аз Испанияву Саҳрои Кабир то Қафқозу Осиёи Марказӣ ва Ҳинд – доман паҳн кунад. Дар ин харита тамоми Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрону Покистону Ҳинд дар як вилоят бо номи “Хуросон” тасвир шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи нерӯҳои “Давлати исломӣ” то 15 000 ҷангии хориҷӣ меҷанганд. Рӯзи 24 сентябр Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо иттифоқи оро қатъномаеро тасвиб кард, ки аз ҳамаи кишварҳо ташдиди мубориза алайҳи “Давлати исломӣ”, аз ҷумла гирифтани пеши роҳи ҷалби шаҳрвандонашон ба танзимҳои “ҷиҳодӣ”-ро тақозо мекунад.

Дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон бо иловаи як банд ба Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои ҷалби афрод ба ҷангҳои бегона ва ширкат дар чунин ҷангҳоро шадид карданд. Аз ин ба баъд барои чунин аъмол дар Тоҷикистон метавонанд муттаҳамонро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунанд. Шӯрои уламои Маркази исломӣ низ рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ бо назардошти тавсеа ёфтани ҷалби ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ ва равандҳои ифротгароёна дар Шарқи Наздик, ки зери номи “ҷиҳод” идома дорад, фатвоеро содир кард. Дар ин фатво “кӯшиши баъзе ашхос, ки барои ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани ваҳдати миллӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ ҳамдастӣ ва миёни мардум фитнаву тафриқа эҷод менамоянду эътимоди мардумро аз раҳбаронашон коста мегардонанд” маҳкум ва “гуноҳи кабира” унвон шудааст.

XS
SM
MD
LG