Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб 3 октябр шуруъ шуд ва, қарор аст, 4 октябр дар маркази шаҳри Кӯлоб маросими муаррифӣ ва ифтитоҳи мили Парчам, Нишони давлатӣ ва ҳамчунин бӯстонсарои президентӣ баргузор шавад. Мақомот дар шаҳри Кӯлоб ба хотири сабзу хуррам нишон додани майдони Нишони давлатии Тоҷикистон дар атрофи он сад кило ҷав коштаанд.
"Ҷав - гарави сарсабзии майдони Нишон"
Алафи газон дер месабзад, аз ин рӯ, ба ҷои газон ду халта ҷав коридем. Баъди анҷоми сафари президент, дар ҷое, ки ҳоло ҷав сабзидааст, кабудӣ мекорем.
Абдураҳим Одинаев, директори Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб, рӯзи 3 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар майдони гирду атрофи нишон тахминан 100 кило ҷав коштаанд, то сабзу хуррам гардад. Одинаев гуфт, то сафари президент ба Кӯлоб рӯзҳои башумор монда буд ва тасмим ин шуд, ки гиёҳи зудрасу донадор кошта шавад, то ки ин майдон зудтар сабзазор шавад. Ҳоло, ба гуфтаи Одинаев, ҷав қад афрохта, майдони Нишонро "сабзу зебо" кардааст.
Гузориши видеоӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Абдураҳим Одинаев, пас аз анҷоми сафари раиси ҷумҳур ба шаҳри Кӯлоб, дар ҷои ҷав алафи сунъии ороишӣ кошта мешавад, ки маъмулан барои сабзазор кардани марказҳои шаҳр ба кор меравад. Вай гуфт, "алафи газон дер месабзад, аз ин рӯ, мо ду халта ҷав ба ҷои газон коридем. Баъди анҷоми сафари президент дар ҷое, ки ҳоло ҷав сабзидааст, кабудӣ мекорем. Дар ин ҷо агар алаф мекоридем, ҳоло сабз намешуд, аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки ҷав корем".
Ин аввалин бор нест, ки масъулони шаҳрдории Кӯлоб қабл аз сафари президенти Тоҷикистон ба минтақа ба манзури сабзу обод нишон додани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷав мекоранд. Соли гузашта низ дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кӯлоб баъзе аз кӯчаҳои шаҳр ҷавкорӣ шуда буд.
"Фиреби назар"
Cоли 2013 дар варзишгоҳи тозабунёди ноҳияи Ховалинг, ки қарор буд мулоқоти раиси ҷумҳур бо сокинон анҷом шавад, 600 кило ҷав кишт карданд. Дар ҷараёни сафари президент ба ноҳияи Ховалинг ба иллати тамом нашудани корҳои сохтмонӣ дар ин варзишгоҳ, мулоқот бекор шуд ва ҳоло низ ин майдон бо алафи сунъии ороишӣ пӯшонда нашудааст.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи маҳаллии "Пайк", таҷрибаи нави ҷавкориро "фиреби назар" медонад. Вай гуфт, ҷав дар ду рӯз неш зада мебарояд ва сабз мешавад. Ба қавли Аҳмади Иброҳим, масъулони шаҳрдории Кӯлоб "ба хотири фиреби назар" атрофи Нишони давлатиро ҷав кориданд, то ҳангоми баҳрабардорӣ аз ин иншоот гирду атрофи он барои раиси ҷумҳур холӣ натобад.
Вай гуфт, "пошидани ҷав ба хотири фиреб кардани назари ҳамон меҳмоне аст, ки онро масъулон пешвоз мегиранд. Ҳоло президент, ки қарор аст ба Кӯлоб ояд ва нишону парчамро ба истифода диҳад, мақомот мехоҳанд, ки майдон холӣ намонад, дар гирди он ҷав кориданд. Хосияти ҷав ҳамин аст, ки тез сабз мешавад, аммо бадии кор дар он аст, ки баъди рафтани меҳмон он нодаркор мешавад."
Зимнан, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб корхонаи алюминиум ё ТАЛКО бунёд кардааст. Баландии Парчам 50 метр буда, дар ҷои кинотеатри собиқи "Комсомол", дар паҳлӯи бинои шаҳрдорӣ қомат афрохтааст. Нишон дар дохили Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кулоб ва 100 метр дуртар аз бинои шаҳрдорӣ воқеъ аст.
Дар ҳамин ҳол Исломи Раҷабалӣ, як сокини шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сафари президент аз сафарҳои қаблиаш тафовути зиёд дорад. Чун, ба гуфтаи Исломи Раҷабалӣ, дар ин сафари президент зимни намоиши барномаи фарҳангӣ як акси раиси ҷумҳур аз ҷониби донишҷӯён тавассути гулу гулдастаҳо ба истилоҳ “ҳаккокӣ” мешавад.
Кӣ мехоҳад, камбудҳои ҷомеаро рӯйпӯш кунад?
Сафари президент ба минтақаи Кӯлоб то 5 октябр идома мекунад. Дар ҷараёни ин сафар ӯ аз ноҳияи Мӯъминобод ва Восеъ ҳам дидан мекунад. Ҳар сафари президент ба минтақа ба як ҳодисаи муҳим ҳам дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳам сокинони оддӣ табдил мешавад. Бархе сокинон талош мекунанд, дар мулоқот бо президент аз ӯ барои
пешрафтҳои кишвар ва сулҳу субот ташаккур кунанд, бархе талош мекунанд мушкилоти худро бо ӯ матраҳ намоянд, чун натавонистанд аз роҳҳои сохторҳои давлатии дигар ҳал кунанд. Мақомот дар ин сафарҳо маъмулан аз дастовардҳои минтақа, ифтитоҳи корхонаву коргоҳҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ хабар медиҳанд.
Вале, ба бовари мунтақидон, дар аксари ин сафарҳо президент наметавонад бо воқеияти вазъи ин минтақа шинос шавад, чунки маъмулан барояш танҳо паҳлӯҳои мусбати зиндагии сокинони маҳаллӣ муаррифӣ мешавад. Пешвозгириҳои ботантанаи президенти Тоҷикистонро дар саросари кишвар коршиносон талоши мақомоти маҳаллӣ барои рӯйпӯш кардани камбудҳои ҷомеа унвон мекунанд.