"Комсомол"-ро дар маркази Кӯлоб тахриб карданд (8 АКС)

Дар шаҳри Кӯлоб бинои кинотеатри боқимонда аз даврони Шӯравии собиқро вайрон карданд. Мақомоти Кӯлоб гуфтанд, ки дар ҷойи кинотеатри “Комсомол” пояи 50-метрии парчами миллии Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

Дар шаҳри Кӯлоб бинои кинотеатри боқимонда аз даврони Шӯравии собиқро вайрон карданд. Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб рӯзи 10-уми август дар суҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки дар ҷойи кинотеатри “Комсомол” пояи 50-метрии парчами миллии Тоҷикистон сохта шуда, атрофаш гулкорӣ хоҳад шуд.

Ҷараёни тахриби кинотеатри куҳантарини Кӯлоб рӯзи 25 июли соли ҷорӣ шуруъ шуда, рӯзи 7 август ба анҷом расидааст. Кинотеатри “Комсомол” яке аз ду кинотеатр дар шаҳри Кӯлоб буд. Ба ҷуз ин кинотеатр, ки пӯшида буд, бинои дигари кинотеатри тобистона дар Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кулоб мавҷуд аст.

Аммо бо он ки ин кинотеатрҳо дар даврони Шӯравии пешин макони фароғату истироҳати сокинону тамошобинон буд, баъди истиқлол хусусӣ карда шуданд. Гуфта мешавад, пас аз истиқлоли Тоҷикистон бинои кинотеатри “Комсомол”-ро Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хусусӣ карда буд. Ин буд, ки як қисмати бинои кинотеатри “Комсомол” барои фаъолияти дӯконҳое ба иҷора дода буданд.

Хайрулло Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб, моҳи гузашта тайи як нишасти хабариаш дар робита ба тахриби бинои кинотеатри "Комсомол" ва сохтмони пояи парчами Тоҷикистон гуфта буд, ки барои бунёди парчам аз буҷаи ҳукумати маҳаллӣ ҳеҷ маблағ истифода намешавад ва ин кор бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегирад. Раиси шаҳри Кӯлоб афзуд, "ҳоло ин байрақро 35 метр ба боло бардоштем, баъди ин гурӯҳи корӣ аз ҳукумати кишвар омада диданд ва гуфтанд, ки инҷо бисёр ҷои кам аст ва барои ин зарурати аз байн бурдани кинотеатри "Комсомол" пайдо шуд.”

Ба қавли Хайрулло Амонов, ба дунбол комиссияи корӣ ташкил шуд ва шаҳрдорӣ супориш гирифт, ки бо соҳибмулки кинотеатри "Комсомол" сӯҳбат дошта бошад ва тибқи қонунҳои амалкунанда бояд ҳукумат ба соҳибмулк замини баробарарзиш ва ҷуброн медод. Ӯ афзуд, " ҳамчун раиси шаҳр он одамро фаҳмондам, ки ҷуброн дода наметавонем ва маблағи буҷа нокофӣ аст. Баъд аз ин маслиҳат соҳибмулк гуфт, ки замини баробарарзиш медиҳед.”

Худоёри Бозор, директори "Тоҷиккино" дар Кӯлоб, рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар Кӯлоб ягон кинотеатр вуҷуд надорад ва ҳатто кинотеатри "Гулистон" ба тавозуни шаҳрдорӣ супорида шудааст ва онҳо дар як утоқи хурди он фаъолият доранду бас.

Тахриби баъзе аз ҷойҳои таърихӣ ва бунёди иншооти дигар ба ҷои онҳо, қаблан дар шаҳри Душанбе низ сурат гирифта буд. Аз ҷумла, давоми соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон кинотеатри “Ҷомӣ” ва Театри русии ба номи Маяковский тахриб шуданд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз рӯзи 4 август тахриби маҷмааи “Кохи Ҷомӣ”, воқеъ дар маркази пойтахтро низ оғоз кардаанд. Масъулони Раёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Душанбе гуфтанд, ҷои маҷмааи “Кохи Ҷомӣ” гулзор хоҳад шуд, ки ба майдони "Дӯстӣ" ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мепайвандад.

Кохи “Ҷомӣ” 5 октябри соли 1956 бунёд шуда ва нахустин кинотеатр дар Тоҷикистон буд. Ин гуна синамотеатр дар он замон танҳо дар чаҳор шаҳри Иттиҳоди Шӯравии собиқ – Маскав, Ленинград, Киев ва Ростов вуҷуд дошт.

"Комсомол" хароб шуд. Ҷояшро парчами Тоҷикистон мегирад