Шаҳрдории Кӯлоб ба манзури боло бурдани сатҳи саводу дониши кормандони мақомоти маҳаллӣ, таълими “Дарси имло”-ро ҷорӣ кардааст. Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 19 январ зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ин тадбир “бинобар саводи ками бархе аз мутахассисони шаҳрдорӣ”, рӯи даст гирифта шудааст.
Ҷаноби Амонулло таъкид кард, ки вақте зердастонаш ба унвони шаҳрдорӣ мактуб менависанд, бинобар хато ва иштибоҳҳои имлоӣ, номаҳои онҳо чанд маротиба бозпас гардонида мешаванд: "Ҳоло ман худам қалами сурх дорам, мактубҳое, ки аз сӯи зердастон оварда мешавад, ислоҳ мекунам. Ҳолате шуд, ки чанд маротиб як мактубро гардонидам. Аз ин сабаб, ман дар шаҳрдорӣ "Дарси имло"-ро ҷорӣ кардам ва ҳар рӯз ба муддати 1,5 соат аз сӯи муовинонам гузаронида мешавад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Роҳандозии “Дарси имло” аз ҷониби иддае аз кормандони шаҳрдории Кӯлоб мавриди истиқбол қарор гирифтааст. Рамазон Мирзоев, мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб гуфт, ки дар доираи барномаи забони тоҷикӣ ,фарҳангӣ нави имлои забон омӯзонида мешавад ва баъдан тарзи навишти дурусти протоколҳо, суратҳисобҳо, маҷлисҳо ва баъзе калимаҳое, ки дар аввал "ӯ" - и зада мегирифтанд ва ҳоло гирифта намешавад, таълим дода мешавад.
Ба гуфтаи Рамазон Мирзоев, ҳамчунин ин барнома тарзи дуруст навиштани мактуб ба ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳдориро дар бар мегирад ва "дар баробари ин, вергул дар куҷо гузошта мешавад, ҳарфҳои зада дар куҷо гузошта мешавад, инҳо низ омӯзонида мешаванд."
Ҳарчанд роҳандозии таълими “Дарси имло” барои кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ аз ҷониби шаҳрдори Кӯлоб шеваи нави раҳбарияти ин шаҳр унвон мешавад, аммо нахустин мақоме, ки дар ин росто аз зердастонаш ба хотири муайян кардани саводу дониши онҳо иқдом карда буд, Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизион ва ҳоло ёвари президенти Тоҷикистон аст.
Ҷаноби Раҳмонзода, соли 2004, вақте раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шуд, ғайриинтизор аз ҳамаи кормандони ин ниҳод ва шабакаҳои телевизионӣ ва радио давлатӣ иншо гирифт. Бо гузашти 13 сол, Абдуҷаббор Раҳмонзода ин иқдомро ба фоидаи кор хонд ва гуфт, ки мақомоти зидахл ба ҳангоми баргузор кардани озмун ҳаққ доранд, муайян кунад, ки зердасташон то куҷо саводи кофӣ дорад.
Вай ҳарчанд аз изҳори назар дар робита ба натиҷаҳои иншои гирифта аз зердастони чанд соли пешаш худдорӣ кард, аммо гуфт, ҳар яке аз мақомоти дахлдор метавонад, ки комиссияи худашро дар мувофиқа бо иттифоқи касаба муайян кунад ва дар доираи он барои муйян кардани сатҳи дониш кор барад.
Бештари коршиносон то ҷое бесавод мондани иддае аз насли навро ба паёмадҳои ҷанги дохилии панҷсола дар Тоҷикистон рабт медиҳанд.
Бештари коршиносону таҳлилгарон то ҷое бесавод мондани иддае аз насли навро ба паёмадҳои ҷанги дохилии панҷсола дар Тоҷикистон рабт медиҳанд. Абуносир Шарифзода, коршиноси тоҷик дар ин бора гуфт: "Албатта вақте ин насл саводи кофӣ ба бар накарданд, ҳатман дар фаъолияти корхонаву идораҳо таъсири худро мерасонанд. Зеро дар фаъолияти коргузорӣ, навиштаи номаву мукотибот ба иштибоҳоти зиёде роҳ медиҳанд ва ин дарди саре барои корхона ва раҳбарияти корхона эҷод мекунад.”
Ҳамакнун ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, иқдоми баъзе аз корхонаву идораҳои давлатӣ барои омӯзондани "Дарси имло" ба кормандонаш ба маврид аст. Зеро ба гуфтаи вай, дигар чора вуҷуд надорад ва бояд кор тарзе ба роҳ монда шавад, ки корманд барои корхона ва раҳбарият дарди сар эҷод накунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зимнан, Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ду соли пеш дар миёни садҳо тан аз донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар санҷишеро дар шакли диктант ба роҳ монд. Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита гуфта буд, ки дар пайи ин санҷиш миёни наздик ба 500 тан аз донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт, 80 дарсади онҳо баҳои қаноатбахш нагирифтаанд. Хонум Шарофзода як сабаби асосии нокомии донишҷӯён дар ин санҷишро, аз 140 соати омӯзиши дарси забони давлатӣ ба 64 соати дарсӣ кам кардани он марбут дониста буд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҳама ба сурати умум уфти саросарии сатҳи саводи хонандагони макотиби миёна дар Тоҷикистонро нишон додааст. Ҳамин қишри камсавод курсиҳои донишгоҳҳо ва баъди чанд соли дигар деги кадрии ҳукумати Тоҷикистонро пур карда, вале ба ақидаи таҳлилгарон, ин ҳама ҳамон хишти аввалро мемонад, ки меъмор каҷ гузоштааст.
Бо ин ҳам, масъулони вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чанд соли ахир сатҳи саводу донишу мактаббачагони макотиб миёна ва шогирдони донишгоҳҳо беҳбуд ёфта ва ширкати онҳо дар олимпиёдаҳои байналмилалӣ шаҳодати ин пешрафт аст.