Кремл гуфтааст, Вашингтон "ба оташ равған рехт"

Владимир Путин ва Ҷо Байден, коллаж

Кремл раисҷумҳури Амрико Ҷо Байденро муттаҳам кард, ки бо лағви маҳдудиятҳо дар мавриди истифода аз мушакҳои дурпарвоз "ба оташ равған рехт" ва дар пайи ташдиди низоъ дар Украина аст.

Изҳороти Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, рӯзи 18-уми ноябр садо дод.

Ба гузориши расонаҳо аз 17-уми ноябр, Ҷо Байден ба Украина иҷоза додааст, ки бо мушакҳои дурпарвоз ба дарунтари хоки Русия ҳамла кунад.

Қаблан дархости батакрори Украина дар ин маврид беҷавоб монда буд.

Чанд мақоми амрикоӣ ба хабаргузории “Reuters” гуфтаанд, Амрико ин иҷозаро пас аз он дод, ки Русия сарбозони Кореяи Шимолиро ба ҷанг ҷалб кард.