Суҳбати садоии раҳбари донишгоҳ Андрей Королро дар ин замина "Киберпартизани" нашр кардааст.
Ба гуфтаи Корол, муносибатҳои корӣ бо “кормандони асосӣ” “дар робита ба сиёсати кадрӣ дар соҳаи манфиатҳои давлатӣ ва амнияти кишвар” қатъ карда шуданд.
Навори суҳбати ректор аз зумраи даҳҳо сабте аст, ки "CyberPartisans" дар пайи рахна кардани шабакаи дохилии донишгоҳ дар тобистони соли 2023 расонаӣ шуданд.
Бар асоси санаде, ки рахнагарон дастрас карданд, 50 корманди донишгоҳ маҳз барои иштирок дар эътирозҳо аз кор ронда шудааст. Ду корманд огоҳӣ ва ду тани дигар танбеҳ гирифтааст. Ҳамчунин 140 донишҷӯй барои иштирок дар эътирозҳо аз донишгоҳ хориҷ шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Белорус ҳам дар пайи он ҳаводис аз донишгоҳ талаб кардааст, довталабонеро, ки дар эътирозҳо иштирок ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ Лукашенкоро танқид карданд, ба қайд нагирад.
Бӯҳрони сиёсӣ дар Белорус замоне сар зад, ки Лукашенкоро барандаи интихоботи 9-уми августи соли 2020 эълон карданд. Норозиҳову мухолифон бовар доранд, ки дар интихобот тақаллуб шудааст. Эътирозҳои сартосарӣ бо талаби истеъфои Лукашенкову даъвати интихоботи нав барои худи ӯ, бесобиқа мебошад. Лукашенко аз соли 1994 дар сари қудрат аст.