Даъвои нав чист?
Радиои Озодӣ дар бораи ин қазия дар моҳи августи имсол гузориш дод. Муроҷиатҳои батакрори соҳибкори чинӣ ва таҳқиқи бештари мавзуъ далелҳои навро ошкор кард.
Иддаои асосии соҳибкори чинӣ ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон иҷозатномаи ӯро бекор карданд, то ширкатҳои марбут ба "Фароз" макони истихроҷи санги босифати мармарро соҳиб шаванд. А. Ватанов, раиси "Комбинати металлургии тоҷик", моҳи июл дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, ки иддаои Ху Сюдун дар мавриди "гуё мо мақсади соҳиб шудани тиҷорати ӯро дорем, бепояву дурӯғ аст".
Ҳоло, ба иддаои Сюдун, дар пойгоҳи бунёдкардаи ӯ ширкатҳои "Комбинати металлургии тоҷик" ва "Зиркон", ки ба гуфтааш ба собиқ ширкати "Фароз" марбутанд, бо коршарики чинии худ машғули истихроҷ ва коркарди санги мармар мебошанд.
Як намояндаи ширкате, ки ба истихроҷи санги мармар машғул аст, худ ва ҳамроҳонашро аз "Фароз" ва "Зиркон" муаррифӣ кард. Мувофиқи маълумоте, ки Радиои Озодӣ аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ба даст овард, ҳам муассиси "Зиркон" ва ҳам муассиси "Комбинати металлургии тоҷик" ширкати "Фароз" навишта шудааст. Тибқи ин санад, "Комбинат" соли 2015 ва "Зиркон" соли 2018 дар идораи андоз ё молиёт номнавис шудаанд.
"Фароз" ширкати яке аз домодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ки чанд сол пеш эълон кард, фаъолияташро боздоштааст, аммо таҳқиқ нишон дод, ки ин ширкат бо номҳои дигар тиҷоратҳояшро пеш мебарад. Танҳо номи "Фароз" дигар зикр намегардад.
Далели тарафҳо
Ширкати "Хрустал" муҷаввиз ё парвонаи корро соли 2014 барои даҳ сол дарёфт карда буд ва то имрӯз ба иддаои моликаш наздик ба 7 миллион доллар барои зербино ва истихроҷи мармар сармоягузорӣ кардааст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар моҳи июни соли 2023 гуё ба далели ба берун аз кишвар содир кардани санги мармар парвонаи ширкатро барои се моҳ боздошт. Дар миёни асноде, ки Ху Сюдун ба Радиои Озодӣ пешниҳод кард, ҳуҷҷате низ ҳаст, ки вазорат дар моҳи июни соли 2022 ба "Хрустал" иҷозаи содироти маҳсулотро додааст. Бо гузашти камтар аз як сол ҳамин ниҳод бо далели ба хориҷи кишвар содир кардани маҳсулот иҷозатномаи ширкатро пурра боздоштааст.
Масъулони Хадамоти гумрук рӯзи 7-уми августи соли 2024 дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ, аз ҷумла Чин, санги мармар содир нашуд. Радиои Озодӣ аксу видео ва маълумоти гумрукие аз ҷониби Чин ба даст овард, ки нишон медиҳад содироти санги мармар аз Тоҷикистон ба Чин сурат гирифтааст.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар тобистони имсол гуфт, аз қазияи соҳибкори чинӣ огоҳ аст, аммо масъала баҳси ҳуқуқист: "Талаби Прокуратураи генералӣ буд. Баъди ин қарори Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баромад барои аз эътибор соқит кардани литсензияе, ки ба ширкати “Хрустал” дода шуда буд. Сипас мурофиаи кассатсионӣ дар Суди олии иқтисодӣ гузашт."
Вазири саноат афзуд, пас аз рад шудани муроҷиати ширкати "Хрустал" аз сӯйи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон (24-уми июни соли 2024) кони мавриди баҳс дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ба ихтиёри ҳукумат баргаштааст. Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ширкатҳои марбут ба "Фароз" ҳанӯз дар моҳҳои июн-июли соли 2024 корро дар кон оғоз кардаанд. Ху Сюдун мегӯяд, то ин вақт ин ширкатҳо дар наздикии онҳо ба истихроҷи санги мармар пардохта буданд, ки "чандон муваффақ нашуданд".
Номаҳои "муаллақ"
"Мо бо сармояи зиёд макони худро барои истихроҷи санги мармари босифат комилан омода карда будем. Истеҳсол ҳам мекардем. Яъне, макони мо як ҷойи комилан омода буд ва хароҷоти дигаре даркор набуд. Фақат истеҳсол ва истифода кардан," -- мегӯяд Ху Сюдун.
Радиои Озодӣ барои овардани мавқеи "Комбинати металлургии тоҷик" ба ин ниҳод се бор дар рӯзҳои 24 ва 25-уми октябр нома фиристод. Дар ин ниҳод бо баҳонаҳои гуногун аз қабули нома ва посух додан ба суолҳо худдорӣ карданд.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳси Ху Сюдун, соҳибкори чинӣ, бо Вазорати саноат ва Додситонии кулли Тоҷикистон ба долонҳои ҳукумат ва сафорати Чин дар Душанбе кашида шудааст. Сарвазири Тоҷикистон дар робита ба дархости Вазорати корҳои хориҷӣ дар пайи ёддоштҳои сафорати Чин ба ниҳодҳои давлатӣ супориш додааст, ки қазияро баррасӣ кунанд.
Ба ҷуз Вазорати саноат ва Додситонии кулли Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои дигар хулоса додаанд, ки қазияи “Хрустал” агар мусбат ҳал шавад, ба нафъи идомаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аст. Ху Сюдун мегӯяд, бо ҷалби ҳимоятгарони ҳуқуқ аз Чин баҳсашро дар додгоҳ идома хоҳад дод.
Истихроҷи маъдан як бахши асосии иқтисоди Тоҷикистон аст ва ин бахши муҳим аксаран дар дасти ширкати чинист. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар моҳи июл нишон дод, ки ширкатҳои чинӣ аз ҳимоят ва имтиёзҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон баҳраваранд, вале муҳити зистро олуда мекунанд ва хашми сокинони маҳаллиро ба миён меоранд. Илова ба ин, пойбандии буҷаи баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ба корхонаҳои чинӣ афзуда, баъд аз рафтани гурӯҳе аз коргарон вазъи молии камаш ду ноҳияро дар Суғд бад кардаанд.