Вазири рус гуфт, милисаҳо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ташкил мекунанд

Владимир Колоколтсев бо Владимир Путин. Акс аз соли 2019

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, эътироф кард, ки афсарони милисаи рус дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доранд.

Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар нишасти вазорат гуфт, фақат имсол бештар аз 150 корманд ва афсари милисаро барои ин кор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

"Агар дар 9 моҳи соли 2023-ум 86 кормандро ба ҷавобгарӣ кашида бошанд, пас дар 9 моҳи соли 2024 теъдоди онҳо ба 160 нафар расидааст. Масалан, дар вилояти Тула амалҳои раҳбарони сатҳҳои гуногун тафтиш мешавад, ки барои иқомати бештар аз 1500 хориҷӣ иҷоза додаанд," - -афзуд Колоколтсев.

Дар Русия аксаран муҳоҷирони кориро ба иқомату кори ғайриқонунӣ гунаҳкор дониста, онҳоро пайваста озору азият медиҳанд ва ё аз кишвар меронанд.

Владимир Колоколтсев дар ин нишаст таъриф кард, ки аз соли оянда дасти кормандони милиса барои ихроҷи муҳоҷирон осонтар мешавад ва онҳо метавонанд, худашон бе иҷозаи додгоҳ, ҳар хориҷиро, ки қонунро риоят накард, аз Русия биронанд.