Киев: Русия ба Курск 45 ҳазор низомӣ фиристодааст

Генерал Александр Сирский (аз тарафи рост) ба президент Владимир Зеленский дар бораи вазъияти ҷанг гузориш медиҳад. Акс аз бойгонӣ

Русия қариб 45 ҳазор низомиро дар вилояти Курск ҷобаҷо кардааст ва ба эҳтимоли зиёд, ба амалиёти ҷавобӣ барои берун кардани артиши Украина омода мешавад. Дар ин бора Александр Сирский, фармондеҳи артиши Украина хабар додааст.

Ба гуфтаи Сирский, Маскав талош дорад бо кумаки сарбозони Кореяи Шимолӣ самараи кори худро беҳтар кунад. Ахиран раиси ҷумҳури Украина, НАТО ва Амрико гуфтанд, аз 10 то 12 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ вориди Русия шудаанд.

Суҳбати фармондеҳи артиши Украина 6-уми ноябр ва дар рӯзе ба шабакаи иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки Шӯрои Федератсияи Русия шартномаи ҳамкории стратегӣ бо Кореяи Шимолиро тасвиб кард. Нуктаи муҳими санад ин аст, ки Русия ва Кореяи Шимолӣ дар сурати ҳамлаи низомӣ метавонанд ба якдигар кӯмаки низомӣ расонанд.

Неруҳои Украина 6-уми август ғайриинтизор вориди вилояти Курски Русия шуданд. Киев мегӯяд, феълан бештар аз ҳазор километри мураббаъро дар Курск зери назорат дорад.