Достони хушдоману арӯс дар Тоҷикистон. Модару духтар, ё "хоҷа"-ву "хидматгор"? ВИДЕО

Ҳар рӯзи шанбеи сеюми моҳи октябр дар ҷаҳон рӯзи хушдоманҳост. Дар Тоҷикистон назарҳо дар бораи онҳо яксон нест. Иддае хушдоманҳоро барои беэҳтиромӣ ва ҷабр ба келинҳо танқид ва бархеи дигар барои ҳимояташон аз оилаҳои ҷавон ситоиш мекунанд. Бо гузашти солҳо дар Тоҷикистон одатҳо тағйир меёбанд, дар ин маврид чӣ дигаргунӣ шудааст?

ЗИНДАГӢ БО ХУШДОМАН, Ё БЕ Ӯ?

Дар Тоҷикистон зиндагии якҷояи арӯс бо хушдоман дар чанд соли аввали оиладорӣ ба монанди “қонуни нонавишта” аст. Қонуне, ки ба гуфтаи баъзе аз ҷомеашиносон ба замона мувофиқ нест ва дар аксар маврид боис ба ҷанҷолу нооромӣ дар хонаводаҳо мешавад. Бузургсолон мегӯянд, баръакс, ҳадаф аз нигоҳ доштани арӯс дар назди хушдоман пурра омода кардани ӯ ба зиндагии мустақилона аст.

Малика дар як хонаводаи серфарзанд арӯс будааст. Ӯ нақл кард, ки 9 сол хидмати хушдоманро ба ҷой овард ва ин занро дар оила шахси муҳими тасмимгиранда ёфт. Мусоҳиби мо ҳамагӣ ду сол аст, ки зиндагии мустақилона дорад ва мегӯяд, ягона муваффақияташ “таҳаммулпазирӣ буд”, вагарна “кайҳо хонавайрон мешуд”.

“Баъзан хушдоманам ранҷида, умуман суҳбат намекарданд. Хомӯш меистодам ва баъдан бо чеҳраи кушод суҳбатро идома медодам. Ман барои ин чиз маҷбур будам, чун ду фарзанд доштам ва талош мекардам, зиндагиам вайрон нашавад”, -- нақл кард ӯ.

“АГАР БАРВАҚТТАР ҶУДО КУНАНД...”

Аз таҷрубаи чандсолаи зиндагии муштарак бо хушдоман, Малика ба ин хулоса расидааст, ки "хушдоманҳо набояд келинро чун рақиби худ пиндоранд". Бо вуҷуди доштани келинҳои дигар ҳам, хушдомани Малика намехост, онҳоро аз худ ҷудо кунад.

"Як сабаби асосии якдигарнофаҳмӣ дар хонаводаҳо ва ба мустақилӣ даст наёфтани ҷуфтҳои ҷавон ҳам аз ингуна тасмимгирии бузургони оила шуруъ мешавад. Бештар вақт бузургсолони хона фикр намекунанд, ки агар оилаи ҷавонро барвақттар ҷудо кунанд, онҳо зиндагии беҳтаре хоҳанд дошт. Хушдоманҳо на ҳамеша инро мехоҳанд", -- афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Келинҳои тоҷик хушдоман намехоҳанд" ВИДЕО

ФАРҚИ НАСЛҲО

Аммо аксар хушдоманҳо ба ин боваранд, ки мушкил дар зиндагии муштарак нест, балки дар муносибату рафтори ҷавонон аст, ки “ба фарқ аз насли пешина таҳаммул надоранд ва эҳтироми калонсолонро ба ҷой намеоранд".

Ҳоҷиннисо Саъдуллоева, сокини шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, замоне ӯ ҳам арӯс буд ва вазифаҳоеро, ки талаб мекарданд, иҷро менамуд. Мегӯяд, ҳоло соҳиби келин аст ва барояш нозукиҳои оиладориро меомӯзонад.

Вай гуфт: "Келин ба ман гуфт, ки модараш фҳмондааст, то ҳурмати калонсолонро ба ҷой оварад. Ҷойи хоби хусуру хушдоманро дуруст карда, субҳи барвақт бояд ҷамъ кунад, тамоми ашёро бишӯяд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Достони хушдоману келин дар Тоҷикистон куҳна шудааст?

МУШКИЛ АСЛӢ КАДОМ АСТ?

Ҷомеашиносон мегӯянд, ҳоло арзишҳои хонадорӣ ва муносибати хушдоман бо келин тағйир кардааст ва аз ин ҷост, ки зиндагии тӯлонимуддати ду ҷониб зери як бом баъзан бо хушунату куштор анҷом меёбад.

Зулайхо Усмонова, пажуҳишгари масоили занон, гуфт: “Асос эҳтиром аст ва бештари вақт мушкилӣ дар хонавода аз рӯйи беэҳтиромӣ ба якдигар сар мезанад. Баъзан хушдоманҳо фикр мекунанд, ки келин як нафари бегона ва беҳуқуқ аст ва дар хона бояд ҳамчун коргари бепул истифода шавад. Ба назари ман, ҳама намуди хидмат бояд ҷуброн шавад. Ин ба маънии он нест, ки барои ҳар кори келин пул диҳем, балки бо гапи хуб онро ҷуброн кунем.”

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, беҳтар аст, бо даст додани имконият келину хушдоман аз ҳам ҷудо зиндагӣ кунанд. Дар чунин ҳолат, ба бовари ӯ, “вақте онҳо ба хонаи ҳамдигар мисли меҳмон меоянд, эҳтиром бештар мешавад”.

“БЕКОРӢ, БЕПУЛӢ...”

Хонаводаҳои ҷавон ҳам аксаран ба зиндагии мустақилона ва озод аз назорати волидон бартарӣ медиҳанд. Аммо боз ҳам бекорӣ ва ҳам шароити бади иқтисодӣ ба онҳо имкон намедиҳад, то зуд соҳиби хона шаванд ва зиндагии комилан мустақилонаро пеш баранд.

Зулайхо Усмонова мегӯяд, “бепулӣ, набудани хонаю ҷойи кор ба сохторҳои оиладорӣ бетаъсир намемонад. Иқтисод асоси ҳама чиз аст. Вақте иқтисод хуб аст, мушкилиҳои иҷтимоӣ ҳам аз байн мераванд. Давлат метавонад ба хонаводаҳои ҷавон кумак кунад. Бо кор таъмин кунад, барояшон хобгоҳ диҳад, иловапулӣ ба маош ва ба монанди ин бидиҳад."

“ВАҚТЕ КОСАИ САБР ЛАБРЕЗ МЕШАВАД...”

Намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, як сабаби мушкили ҷуфтҳои ҷавон "созиш накардани келину хушдоман” аст ва гоҳе баъд аз сабри зиёд бо хушунату куштор меанҷомад.

Аз ҷумла, чанд сол пеш келинҳо дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон хушдомани худро куштанд. Ду сол пеш Додгоҳи ноҳияи Сангвор як сокини 63-солаи ин ноҳияро дар худкушии келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва панҷуним сол зиндонӣ кард.

Дар ҳоле чунин ҳодисаҳо ҳарчи бештар расонаӣ мешаванд, дар шимоли кишвар бо роҳандозии як маърака гуруҳе аз занони журналист мехоҳанд, зиндагии бе хушунату муносибати хуби келину хушдоман дар хонаводаҳоро таблиғ кунанд. Фирӯза Мирҷумъаева, ташаббускори ин маърака гуфт, намунаҳои муваффақи оиладориро пайдо карда, ба ҷомеа намоиш медиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дедовшина" дар оила. Хушдоманҳои тоҷик арӯси гапдаро меҷӯянд

Баҳси келину хушдоман ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ будааст. Як пажӯҳиш ду сол пеш муайян карда буд, ки дар оилаҳои тоҷик нақши хушдоман дар тамоми тасмимгириҳои келину писар, шуруъ аз хариди ашёи гаронбаҳо то тарбияи фарзандону истифодаи маблағи фиристодаи мардҳо аз Русия, бузург аст. Нақше, ки ҳар кас мехоҳад онро дошта бошад ва зоҳиран “ҷанг” дар оила низ бар сари он аст.