"Ҳамааш қабул шуд." Хулосаи Маҷлиси Миллӣ ба манъи идгардак ва либоси "бегона"

Маҷлиси Миллӣ, 19-уми июни 2024

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар баробари 38 масъала ислоҳҳои баҳсбарангезро ба қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" пазируфтааст. Ислоҳҳое, ки "овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона" ва идгардаки кӯдаконро манъ мекунад.

Ҷаласа рӯзи 19-уми июн гузашт. Хабарнигорони мустақил ба он роҳ наёфтанд ва тафсилот дастрас нест.

Пештар гурӯҳе аз сокинону рӯҳониён дар дохил ва хориҷ ислоҳҳоро дар мавриди идгардак ва манъи либоис ба истилоҳ "бегона" танқид карда, хоҳони бозбинияш буданд. "Ин қонунҳо тибқи тартиб ҳамаашон қабул шуданд," -- гуфт Наврӯз Қурбонзода, сухангӯйи Маҷлиси Миллӣ рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ.

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳанӯз 8-уми май аз тарҳи иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим пуштибонӣ карданд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, он замон сабаби манъи идгардаки кӯдаконро "тарбияи дуруст ва таъмини амнияти онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон" номида буд.

Пешниҳоди манъи либоси ба истилоҳ “бегона”, ки шарҳи ягона надорад, вале бештар пӯшиши исломиро ҳадаф гирифтааст, пас аз мулоқоти президенти Тоҷикистон бо рӯҳониён ба шакли қонун даромад. Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти имсол гуфт, "бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.”

Ин тасмим маҳкумияти Иттиҳоди уламои Ислом ва эълони “ҷиҳод” аз сӯи бархе рӯҳониёнро дар Афғонистон дар пай дошт. Чанде аз чеҳраҳои динӣ, кормандони мақомот, устодони донишгоҳ ва блогерон дар Тоҷикистон ба ин даъватҳо вокуниш карданд.

Дар сурати имзои раисҷумҳур ва нашри расмӣ, қонунҳо эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.

Қонуни "танзими ҷашну маросим" соли 2007 қабул шуд. Таблиғгарони ҳукумат онро "қонуни миллӣ" меноманд, чун аз назари онҳо дар таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои дигар намуна надорад. Мухолифон танқид мекунанд, ки ҳукумат ба воситаи ин қонун ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб то ба масоҳати дасторхону гӯру чӯби онҳо дахолат кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Маҷлиси Намояндагон "ҳа" гуфт, бархе танқид карданд. Мавқеи Маҷлиси Миллӣ чист?Шикоят аз боздошт барои ришу ҳиҷоб дар ДушанбеТо 65 ҳазор сомонӣ ҷарима. Манъи либоси "бегона" дар ТоҷикистонГирифтани қанд аз кӯдакон: "мушкил"-е, ки ниёз ба роҳи ҳал надоштМанъи қонунии идгардак дар Тоҷикистон. Мардуму мақомот чӣ мегӯянд?