Театри Камоли Хуҷандӣ ба зудӣ намоишномаи "Бухорои Шариф"-ро бар пояи 5 асари Садриддини Айнӣ ба маъразаи тамошо мегузорад.
Намоишномаи “Бухорои Шариф” бар пояи осори Садриддин Айнӣ рӯи саҳнаи театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли шаҳри Хуҷанд меояд. Ба гуфтаи Қурбон Бобоҷонов, саркоргадони ҷавони театри Камоли Хуҷандӣ, муаллиф ва коргардони ин намоишнома, “Бухорои Шариф” фароҳамшуда аз 9 лаҳзаи ҷудогона аз 5 асари Садриддин Айнӣ: “Ёддоштҳо”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Мактаби кӯҳна”ва “Дохунда” аст. Вай мегӯяд, вале ин лаҳзаҳо бо ҳам иртиботи маъноиву маънавӣ доранд. Ва паёми аслии ин намоишнома шинохте аз замони пуршӯрушари ҷавонии Айнӣ, мушкилоти он давра ва даъвати ҷавонони тоҷик бо ғурури баланди миллӣ мисли Айнӣ кору амал барои пешрафт ва шукуфоии миллат ва давлати худ аст.
Қурбон Бобоҷонов меафзояд: “Имрӯз шахсияте, ки мисли Айнӣ барои халқу миллаташ ҷонфидоӣ кардаву азобу машаққатҳоро паси сар карда бошад, кам андар каманд. Айнӣ бо вуҷуди сензураи шадиде, ки дар муҳими он замонааш буд, ҳарфу фикри ҳаққи худро ба хотири бақову пешрафти миллати тоҷик мегуфт. Ва мисли вай рӯшанфикрон, ҷадидҳое ҳам буданд, ки монанди Айнӣ кору пайкор мекарданд. Ҳоло ҳарчанд аон давра тақрибан яку ним сада паси сар мондаву дар асри 21 зиндагӣ ба сар мебарем, тағйироти куллие дар замони мо низ ба вуҷуд наомадааст. Он мушкилоте, ки дар замони ҷавонии Айнӣ домангири халқи тоҷик буд, ба монанди кӯҳнапарастиву фикрҳои консервативии хоси он давра ҳанӯз ҳам дар халқи тоҷик боқӣ мондааст.”
Қурбон Бобоҷонов афзуд, ҳадаф аз рӯйи саҳна овардани намоишномаи Бухорои Шариф аз руйи асарҳои устод Айнӣ шинохти мушкилоти имрӯзаи халқи тоҷик аст дар қиёс бо мушкилоти шабеҳе, ки охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар давлати онвақтаи аморати Бухоро дошт.
Вале чаро унвони намоишнома “Бухорои Шариф” гузошта шуд? Коргардон мегӯяд, фикри таҳти ин унвон ба саҳна гузоштани осори Айнӣ дар сараш соли гузашта, зимни сафараш ба шаҳри Бухорову дидани осорхонаи Айнӣ дар мадрасаи Кӯкалтош, ки Айнии ҷавон оҷо таҳсилу зиндагӣ карда буд, пайдо шуд:
“Аслан аз гузаштагони донишманди мо омадааст, ки дар ҷаҳон 7 шаҳри Шариф ҳаст ва яке – Бухоро. Он олимоне, ки моро дар зиёрати Бухоро, ин сарзамини аҷдодии тоҷикон ҳамроҳӣ мекарданд, мегуфтанд, ки зиёрати 7 ҷойи муқаддасу таърихии Бухоро қариб ки савоби як ҳаҷро медиҳад. Аз Бухоро, ки аз қадим маркази илму дин ва тамаддун буд, барои намоишнома номи беҳтаре наёфтем.”
Дар намоишномаи “Бухорои Шариф” ҳудуди 20 ҳунарвар ва умдатан ҷавонони театри Камол нақш офаридаанд. Нақши Садридин Айнӣ, асосгузори адабиёти давраи шӯравӣ ва дорандаи унвони Қаҳрамони халқи тоҷикро ҳунарманди театри Камол – Асрор Камолидинов иҷро мекунад. Вай мегӯяд: “Ман “Ёддоштҳо“-и устод Айниро бодиққат хондам, бо касоне, ки ӯро замони зиндагиаш аз наздик мешинохтанд, ҳамсӯҳбат шудам. Ба шуниди ман, устод Айнӣ бисёр шахси донишманду равшанфикр буданд. Кам гап мезаданд, агар мегуфтанд, мағзи гапро мегуфтанд. Офаридани нақши ин инсони бузург осон нест ва ман аз мутолиаву ҷустуҷӯҳо тарафҳои нави шахсияту хислатҳои он касро кашф мекунам ва нақшамро такмил медиҳам.”
Қурбон Бобоҷонов, саркоргардони театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва муаллифу ба саҳнагузорандаи намоишномаи “Бухорои Шариф ”аз шогирдони коргардони шинохтаи тоҷик – Барзуи Абдураззоқ ва хатмкардаи бахши коргардони театрии Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунари Маскав (2007 - 2011) аст. Вай аз соли 2011 вазифаи саркардонии театри мазкурро бар ӯҳда дорад.
Вай замони донишҷӯиаш аввалин спектакли худ - “Ҷавонии Мушфиқӣ”- ро аз рӯи асари ҳамноми Темур Зулфиқоров адиби русзабони тоҷик дар донишгоҳ рӯи саҳна овардааст. Сипас дар теари Камол ду намоишнома: “Таксисти ошиқ” аз рӯи асари адиби фаронсавӣ – Алфред Рэй ва “Сайёраи танбалон”- ро ба саҳна гузоштааст.
Ба саҳна гузоштани намоишномае аз рӯйи асарҳои Айнӣ нахустин таҷрибаи ҳунарии театри тоҷик дар замони истиқлолияти Тоҷикистон аст. Қаблан дар замони шӯравӣ намоишномае таҳти унвони “Дохунда” аз рӯи романи ҳамноми Айнӣ рӯйи театрҳои Лоҳутӣ ва Камоли Душанбеву Хуҷанд оварда шудаанд. Аммо ба гуфтаи ҳунарварон, муҳри сиёсии шӯравӣ он намоишномаро қолабиву якранг гардонда буд.
Нахустнамоишиспектакли “Бухорои Шариф” дар театри Камоли шаҳри Хуҷанд, ба гуфтаи ҳунарварон, аввалҳои моҳи май баргузор хоҳад гашт.