Онҳо дар шаҳри Сарански Русия “Муноҷот”-и Барзу Абдураззоқовро намоиш хоҳанд дод. Ин як маҷмӯаи саҳнавиест, ки аз розу ниёзи занони муосир ҳикоят карда, дар ҳаммуаллифӣ бо шоираи саршиноси тоҷик Фарзона навишта шудааст. Бори нахуст ин намоишнома дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯйи саҳна омадааст.
Театри ба номи Маяковскийи Тоҷикистон дар ин ҷашнвора дар як саф бо ҳайатҳои театрии Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон ва Исроил ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Аз ҷумла Русияро Театри драмаи ба номи Станиславский намояндагӣ мекунад. Қарор аст, навбати ҳунарнамоии ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷашнвора, ки аз 15 то 21-уми март идома мекунад, дар рӯзҳои иди Наврӯз расад. Бо муайян шудани рӯзи намоиш ҳунарпешагони Театри ба номи Маяковскийи Тоҷикистон ҳамаи муҳоҷирони тоҷикро, ки дар Ҷумҳурии Мордовияи Русия ба сар мебаранд, ба намоиши худ даъват кардаанд.
Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик соли гузашта дар 13 ҷашнвораи байнулмилалӣ ширкат кард, ки охиринаш дар Эрон буд. Яке аз намоишҳои таҳиякардаи ӯ бо номи "Девонагӣ. Соли 93", ки бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат, ки аз сӯи дастаи ҳунармандони клиникаи психиатрии Шарантон иҷро шудааст", рӯи саҳна омад, бо вуҷуди он ки ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро дарбар мегирият, аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ гардид. Танҳо пас аз танқиди зиёда дар матбуот ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, спектакли худро намоиш диҳад.
Асари дигари Барзу Абдураззоқов бо номи “Табиби зуракӣ” дар Ҷашнвораи театрҳои хиёбонӣ дар Эрон яке аз ҷоизаҳои асосиро соҳиб гашт.
Абдураззоқов ходими ҷамъиятӣ низ аст. Вай дар айни авҷи бӯҳрони марбут ба ҳабси халабонҳои рус дар моҳи ноябри соли гузашта барои таъкид ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки бо даъвати Кремл ихроҷи онҳо шурӯъ шуда буд, сарварии «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро бар дӯш гирифт. Дар баёнияи расмии гурӯҳ гуфта мешуд, ки набояд муҳоҷирони кории тоҷик ба аҳроми фишор табдил ёбанд. Имкон дорад коргардони машҳур дар Саранск бо муҳоҷирони тоҷик мулоқоти рӯбарӯ дошта бошад.
Ҷашнвораи “Ҳамватанон” барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни театрҳои русизабони кишварҳои пасошӯравӣ соли ҳафтум аст, ки дар шаҳри Сарански Русия баргузор мешавад.