Саъдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашт ва бародари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҷунайдулло Худоёров, шикоят дорад, ки кормандони боғи шаҳраки Ғарм ӯро заданд, аммо мақомот чора намеандешанд. Ҷониби дигари баҳс иддао дорад, ки Саъдулло Худоёров ҷанҷолро сар кард ва онҳо танҳо "посух" доданд. Мақомот гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон,Фарҳод Худоёров, ки ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд, бовар доранд, ҳодисаи охир фишори навбатӣ ба оилаи онҳо аст.
Саъдулло Худоёров дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ аст. Ӯ мегӯяд, дар ҳодисаи як ҳафта пеш дар боғи шаҳраки Ғарм ҷоғаш сахт осеб дид ва пас аз ҷарроҳӣ базӯр гап мезанад.
"Рӯзи 24-уми май, ҳангоми бозгашт аз беморхона хостам, ки ба боғ дароям. Ашраф ном масъули боғ роҳ надод ва маро ба берун ронд. Дашном дод. Гапамон гурехт. 4 кас ҷамъ шуданд ва Ашраф ба сару рӯи ман 3-4 мушт зад. Ҷавобаш надодам ва гуфтам, ки дар идораи милиса ҳал мекунем. Як нафари дигарашон аз қафо зад", -- нақл кард Саъдулло Худоёров рӯзи 31-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
"Худаш ҷанҷол бардошт"
Ҷониби дигари баҳс ин гуфтаҳоро инкор мекунад. Ашраф Орзуев, масъули боғи марказии шаҳраки Ғарм, 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи ҳодиса ошхонаи дохили боғро тоза мекард ва Саъдулло Худоёрову як ҳамроҳашро барои ворид шудан ба ошхона иҷозат надод.
"Дағалона рафтор карданд, ки фалону беҳмадон мекунем. Ман ҳам ҷавобашонро додам. Аввал вай ҳақорат кард, баъд ман. Онҳоро назадам, шоҳидон ҳастанд. Маро заданд, ман ҳам хостам занам, рафиқаш намонд. Гуфтем, ки рафтем дар раёсат масъаларо ҳал мекунем", -- афзуд Орзуев.
Ба гуфтаи масъули Боғи шаҳраки Ғарм, дар роҳ ба сӯи идораи пулис, як гуруҳ аз сокинон аз дохили қаиқ берун омада, ба баҳс ҳамроҳ шудаанд ва Саъдуло Худоёровро задаанд. Ба суоли мо, ки оё ӯ ин афродро мешиносад, Ашраф Орзуев гуфт, танҳо як нафарашонро медонаду бас.
Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нозир: Ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем
Мақомот расман қазияро шарҳ надодаанд. Талошҳои мо барои гирифтани назари Вазорати корҳои дохилӣ то ин дам бенатиҷа буд.
Нозири минтақавӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи иттилоъро ба бахши тафтишотии Раёсати корҳои дохилии Рашт супориданд. Ба гуфтаи ӯ, шахсоне, ки ба Саъдулло Худоёрови 31-сола ҳамла карданд, мавриди пурсиш қарор гирифтанд, вале ҳоло маълум нест, тафтишот бар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда мекушояд.
Саъдулло Худоёров мегӯяд, бо гузашти як ҳафта аз ҳодиса касе ӯро барои суҳбат даъват накардааст. Ӯ феълан дар Беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ аст. Ташхиси тиббиву додгоҳӣ нишон додааст, ки ҷоғаш аз ду ҷой шикастааст.
Саъдулло Худоёров, бародари Фарҳод Худоёров, раиси ҲСДТ дар Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Мақомот пештар Фарҳод ва Ҷунайдуллоро барои иттиҳомҳои гуногун маҳкум карда буданд. Фарҳод Худоёров соли 2018 барои таҳқири кормандони ҳукумати ноҳияи Рашт ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст. Ҳарчанд худи ӯ гуфта буд, "гуноҳ"-аш навиштаи паёмак ё СМС ба раиси ноҳия дар бораи чанд мушкилот мебошад.
Мақомот дертар Ҷунайдулло Худоёровро бо иттиҳоми ифротгароӣ ба 5 сол зиндон маҳкум карданд ва ӯ баъди 2 сол бар асоси қонуни афв озод шуд. Ҷунайдулло аз кори Қаноатшо Лоиқзода, раиси собиқи ноҳияи Рашт, зиёд танқид мекард.
Мавҷигул Ғарибова, модари хонаводаро дар вақти сафари раиси ҷумҳурӣ ба ноҳияи Рашт чанд соат дастгир карданд, то ба гуфтаи худаш ба Эмомалӣ Раҳмон шикоят накунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷунайдулло Худоёров: "Мақомот ба ҷои ислоҳи камбудҳо маро зиндонӣ карданд" ВИДЕОЗиндагӣ баъди зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба ҳаёти маъмулӣ бармегарданд?Модари Ҷунайдулло Худоёров пас аз 6 соати боздошт раҳо шудИмомхатиби Яшми Рашт: "Зери фишор ба Ҷунайдулло тӯҳмат задам"