Маъмурони милисаи минтақаи Рашт то ба ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июн бо сафари корӣ ба минтақаи Рашт рафт, то ҷашни имсолаи Ваҳдати миллиро дар онҷо таҷлил кунад. Ба хабари дафтари матбуоти прездент, ӯ рӯзи 26-уми июн дар Навобод буд ва як қисми роҳи маҳаллиро ба истифода дод, ба сохтмони бинои ҷамоат санги асос гузошт ва бо мардум суҳбат кард.
Мавҷигул Ғарибова рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо субҳи барвақт ба маҳалли мулоқот бо раиси ҷумҳур рафта буданд. "Вале ман ва ду нафар аз наздиконамро аз миёни мардум ҷудо карда, ба идораи пулис бурданд", -- афзуд ӯ.
Ҳарчанд мақомот ин ҳодисаро тасдиқ ё рад накардаанд, наздикони Мавҷигул Ғарибова мегӯянд, ӯ мехост аз зиндонӣ шудани писараш Ҷунайдулло Худоёров шикоят кунад ва зоҳиран хавфи мақомот низ аз ҳамин буд.
"Вақте аз милисаҳо сабаби боздоштро пурсидам, гуфтанд, шумо дар пеши президент моро сиёҳ мекунед. Мо се нафарро бурда маҳкам карданд, гуруснаву ташна шиштем,” – нақл кард худи Мавҷигул Ғарибова.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳодиса хабар надоранд. Вай гуфт: “Дар ин ҷо ҳар касе мехоҳад сӯҳбат ва ё суолу мушкилӣ арз кунад, озод аст".
Мавҷигул Ғарибова субҳи барвақти 26-уми июн аз дохили боздоштгоҳи пулис низ ба Радиои Озодӣ тамос гирифта буд. Вақте вай бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, садои кормандони милиса баланд мешуд. Мавҷигул Ғарибова гӯшии телефонро ба яке аз онҳо дод, вале ӯ дафъатан телефонро хомӯш кард.
Як рӯз пеш президент Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо сокинони Сангвор, вақте ки ба ӯ наққошиеро бо акси модараш ҳадя карданд, мутаассир шуд ва ашк дар чашм аз модари худ ёди нек карду ба зарурати ғамхорӣ дар ҳаққи модарон таъкид намуд ва нақши онҳоро дар ҳаёти инсон ва ҷомеа сутуд.
Боздошт ва раҳоии модари Ҷунайдулло Худоёров дар ҳолест, ки худи ӯ якуним сол боз дар зиндон ба сар мебарад. Вай бо ҷурми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст. Наздиконаш ҳукми ӯро ноодилона медонанд, вале мақомот ба дурустии ҳукми худ пойфишорӣ доранд.
Бори аввал нест, ки мақомоти маҳаллӣ бархе аз сокинонро пеш аз сафари президент ба минтақаҳо, барои муддати кӯтоҳ боздошт мекунанд. Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров, ду сокини бознишастаи ноҳияи Восеъ, ки ба гуфтаи худашон барои тантанаи ҳақиқат ва зидди фасод мубориза мебаранд, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ин кору ҳаракати онҳо ба мақомоти маҳаллӣ "намефорад" ва барои ҳамин чанд дафъа дар остонаи сафари президент ба минтақа онҳоро ҳабс кардаанд.
Коршиносон аз “саҳнасозӣ”-и мақомот дар маҳалҳо ҳангоми сафарҳои президент интиқод мекунанд. Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, гуфт: “раиси ҷумҳур метавонад чанд шоуи қаблан тарҳрезишударо вайрон кунад. Қолинҳои дар роҳравҳо партофтаро бигираду партояд ва талаб намояд, ки дигар ин корро накунанд. Оре, чанд бор таъкидҳои ба ин монанд дошт, ки ин иқдомҳоро накунанд, аммо агар ин талабу дархост самимӣ мебуд, бо вокуниши амалӣ онҳоро барҳам медод.”
Ба таъкиди Раҷаби Мирзо, барои воқиф шудан аз вазъи воқеӣ феълан кофӣ аст ба ҷойи нишастан дар шоуҳое, ки барои як сиёсатмадор чизе намедиҳад, ҳамагӣ як соат дар интернет нишаст ва вокуниши мардумро дид.