- Парвандаи 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи қабристони Хованское, дар канори шаҳри Маскав, ба додгоҳ ирсол шудааст. Наздикони ин афрод гуфтанд, ки тафтишот дар як соли гузашта ҳеҷ далели онҳоро ба эътибор нагирифт ва “баъид ба назар мерасад, ки муҳокимаашон дар додгоҳ одилона сурат гирад”.
Дар моҷарои қабристони Хованское се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуда, тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд.
Ҳоҷиқурбон Бӯриев, Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Шоймардон Аҳмадов ва Раҳмиддин Садриддинов баҳори соли гузашта дар ҷараёни занозанӣ дар қабристони Хованское боздошт шуданд. Мақомоти Русия алайҳи онҳо бар асоси моддаи “авбошӣ” айбнома эълон карда, қарор аст, муҳокимаашон ҳафтаи оянда дар Додгоҳи ноҳиявии Шербинскийи вилояти Маскав шурӯъ шавад.
Парвандаи ин панҷ шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 18-уми август ба додгоҳ ирсол шудааст. Сироятулло Юнусов, бародари Диловар Юнусов, яке аз панҷ шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "гунаҳкорони асосӣ аз тӯри тафтишот берун монданд. Ҳоло нафароне боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки дар ин занозанӣ даст надоранд."
Ӯ гуфт, бародараш Диловар Юнусов дар қабристони Хованское кор намекард ва рӯзи занозанӣ барои наҷоти амакаш Мирзо Юнусов ба оромгоҳ рафта буд. “Дар занозанӣ ба сӯи амакам ду тир холӣ карда, ӯро захмӣ намудаанд. Ба бародарам хабар медиҳанд, ки омада барояш кумак кунад. Вай ҳам рафта, ба дасти пулис меафтад ва бо ҳамин беш аз як сол боз дар боздошт аст", - афзуд Сироятулло.
Сироятулло гуфт, ки онҳо зодаи шаҳри Роғун буда, бародараш Диловар 25-сола аст ва се фарзанд дорад. Худи ӯ баъд аз ҳодисаи соли гузашта барои кор ба қабристони Хованское рафтааст ва мегӯяд, “ҳоло вазъият дар инҷо ором аст”. “Амакам Мирзо Юнусов низ баъди табобат дар қабристон кор мекунад. Мо ва наздикони боздоштшудаҳои дигар талош дорем, то дар додгоҳ бегуноҳии онҳо исбот шавад. Умед дорем, ки дар ҷараёни мурофиа ҷузъиёти бештари моҷаро ошкор шуда, гунаҳкорони асосӣ фош бишаванд”, - илова кард ӯ.
Соли гузашта сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки барои ҳимоят аз ин шаҳрвандони кишвар вакили дифоъ киро хоҳад кард. Аммо зоҳиран ҷониби Тоҷикистон дубора ба ин мавзуъ барнагаштааст ва наздикони афроди боздоштшуда низ гуфтанд, ки барои ҳимояти онҳо ба танҳоӣ иқдом намудаанд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк рӯзи 18-уми август ба расонаҳои он кишвар гуфт, ки парвандаи 16 омили дигари занозанӣ дар қабристони Хованское, аз ҷумла раиси пешини бахши минтақавии ширкати "Ритуал" Юрий Чабуев барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳиявии Шербинскийи пойтахти Русия фиристода шуд. Ин афрод барои “ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ”, “расондани зарари сангини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати ду нафар шуд” ва “берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ бо паёмадҳои сангин” муттаҳаманд.
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 14-уми майи соли гузашта як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳақ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Қаблан тафтишот гуфт, ки Чабуев, Макаръев ва Бочарников бо ҳадафи зӯран аз кор дар қабристон берун кардани муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин амал даст заданд.
Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон - Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола - кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд. Аммо Вазорати умури хориҷии Русия теъдоди захмиҳо дар ин занозаниро 23 нафар ҳисоб карда буд.