Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав таҳқиқи парвандаи пурсарусадои маъруф ба “Қабристони Хован”-ро анҷом дода, ба 16 гумонбар аз рӯи се модда - “ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ”, “расондани зарари сангини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати ду нафар шуд” ва “берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ бо паёмадҳои сангин” - айб эълон кард. Дар миёни муттаҳамони аслӣ – раиси хадамоти гӯру чӯби “Ритуал” Юрий Чабуев ва ходими собиқи Вазорати умури дохилии Маскав Никита Мошенко низ мебошанд.
Тафтишот мегӯяд, ки рӯзи 14 майи соли 2016 дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ ва тирпаронӣ дар назди даромадгоҳи марказии қабристони Хован дар шаҳри Маскав се нафар кушта шуда, беш аз 30 тан ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Тафтишот гуфт, Чабуев, Макарйев ва Бочарников бо ҳадафи зӯран аз кор дар қабристон берун кардани муҳоҷирони корӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин амал даст заданд.
Дар ҷараёни тафтишот як муттаҳам пурра ба гуноҳаш иқрор карда, нақши ҳар нафари дигарро дар ин ҷиноят фош кард. Кумитаи тафтишот дар вебсайти расмиаш навишт, ки ҷараёни таҳқиқ хеле мушкил гузашт, чун озмоишҳои зиёди баллистикиву генетикӣ ҳам лозим шуд. Дар наздиктарин фурсат гумонбарон барои шиносоӣ бо хулосаҳои тафтишот роҳ дода шуда, баъдан парванда ба додгоҳ меравад.