Гурӯҳи тафтишотии ҳодисаҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ ба санҷиши «Ҷипи» сиёҳ, ки рӯзи 21-уми май ҳангоми боздошт аз тарафи кормандони милиса бо гумони интиқоли маводи мухаддир боиси сар задани тирпаронӣ шуда буд, оғоз кардааст.
Гурӯҳи тафтишотии ҳодисаҳои рӯзҳои 21 -24 майи Хоруғ ба санҷиши «Ҷипи» сиёҳ, ки рӯзи 21-уми май дар дохили он ба қавли мақомоти вазорати корҳои дохилӣ афроди қочоқбари маводи мухаддир ҳузур доштанд ва дар ҷараёни амалиёти боздошти онҳо тирпаронӣ рух дода буд, оғоз кардаанд.
Як манбаъи наздик ба гурӯҳи тафтишотӣ рӯзи 29-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи тафтишотӣ аз дирӯз ба пурсиши шоҳидони айнӣ оғоз кардаанд ва санҷиши «Ҷипи» сиёҳ, ки бар асари тирпаронӣ шишаҳояш ва чанд қисми бар аз тири силоҳ сурох шудааст, ҷузъе аз бахши тафтишот ба шумор меравад.
Вай гуфт, ки «тафтишот муайян хоҳад кард, ки дар чӣ ҳолат ва аз кадом самт «Ҷип» ҳаракат мекард, дар кадом мавқеъ манъ карда шуда тирҳо аз кадом самт ба он осеб расондаанд.»
Ин гурӯҳи тафтишотӣ имрӯз бо кормандони милисае, ки дар ҷараёни амалиёти боздошти гумонбарони қочоқбар ширкат кардаанд ва аз силоҳ истифода кардаанд суҳбат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, пас анҷоми санҷиши «Ҷип»-и сиёҳ боз ба пурсиши шоҳидони ҳодисаи рӯзи 21-уми май идома хоҳанд дод.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи рӯзи 21-уми майи Хоруғ гузорши махсус пахш намуда зикр карда буд, ки соатҳои 11–и рӯз "Мунаввар Шанбиев бо ду нафар ҳаммаслаконаш аз назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ ба тарафи шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ бо ҳамон автомашинаи тамғаи «Ҷип»-и сиёҳ ҳаракат менамуданд. Гурӯҳи оперативии шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ мехоҳанд ӯро манъ намоянд, аммо Мунаваар Шанбиев мошинро манъ накарда, ба болои кормандони милиса ронда бо автомашинаи хизматӣ бармехӯрад."
Дар гузориши ВКД омадааст, ки дар ин ҳолат аз автомашинаи Шанбиев Собир Худоихонов соли таваллудаш 1976, сокини Хоруғи боло ва Фрайдун Абдурасулов соли таваллудаш 1974, сокини шахри Хоруғ бо истифода аз яроқи оташфишон тарафи кормандони милитсия муқовимат нишон дода, як чанд бор тир холӣ мекунанд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ Ниёзбеков Давид ва Кушанбеков Хушвахт, инчунин ду корманди дастаи таъиноти махсуси милитсия Маъруф Зеваршоев ва Алишо Ҳамроев захмдор мешаванд. Бинобар ҳамин кормандони милитсия аз яроқ оташ мекушоянд. Дар натиҷа Худоихонов Собир ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардошта дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ карда мешаванд. Аммо рӯзе баъд хабари марги Давид Ниёзбеков, корманди милиса ва рӯзи дигар аз Фрайдун Абдурасулов, ки аз дохили "Ҷип" сӯи кормандони милиса оташ кушодааст, расид, ки бар асари тирпаронӣ ҷароҳат бардошта буданд. Дар шарҳи ВКД ҳамчунин зикр шудаст, ки ҳангоми ҷилавгирӣ аз издиҳоми гурӯҳи одамон рӯзи 21-уми май дар назди шӯъбаи ВКД-и Хоруғ, коромӯзи шӯъбаи мазкур Гавҳар Ашӯров, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хоруғ, ҷароҳат бардошта дар беморхонаи вилоятӣ мефавтад.
Дар пайи тирапронӣ дар маркази Хоруғ гурӯҳе аз сокинон ба кӯчаҳои шаҳр рехтанд ва биноҳои мақомоти қудратиро ба оташ кашиданда, чанд рӯз даст ба гирдиҳамоӣ заданд. Мардуми гирдиҳам омада аз мақомот талаб карданд, ки роҳбарони мақомоти қудратӣ дар ин шаҳрро барканор ва гирдиҳамоии онҳоро қонунӣ дониста, ҳамлагарон ба биноҳои мақомотро аз ҷавобгарӣ озод кунанд. Аммо дар рафти гуфтушунидҳо мақомот талаби дувумро, ки аз ҷавобгарӣ озод кардани ҳамлагарони ба биноҳои мақомот буд, рад кард.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқоташ бо фаъолони Бадахшон рӯзи 28-уми май дар Хоруғ дар робита ба нооромиҳои рӯзҳои 21-24 май дар Хоруғ гуфтааст, ки бояд сабабҳои аслии сар задани ин бӯҳрон ва муайян ва гунаҳкорони нооромиҳо ошкор шаванд. Бо ин ҳадаф, афзудааст, ҷаноби Салимзода, феълан гурӯҳи тафтишотӣ таҳқиқи ҳодисаҳоро идома медиҳад ва бо анҷоми кори он маълум хоҳад шуд, ки барои чӣ дар Хоруғ ва дар Ишкошим ноооромиҳо сар зада, кӣ ё киҳо таҳрикдиҳандаи онҳо будаанд.