Пулиси Русия мегӯяд, издиҳоми коргарони хориҷӣ дари Маркази муҳоҷиратро дар шаҳри Екатеринбург шикастаанд.
Ҳодиса рӯзи 11-уми март ҳангоми навбатпойӣ барои дарёфти патент ё иҷозаномаи кор рух додааст.
Як вакили маҷлиси шаҳри Екатеринбург аз додситонӣ хостааст, ки ин ҳодисаро санҷад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҳақ надоранд, ки бе патент кор кунанд. Парвонаи кор бояд мунтазам дароз ва пули ҳармоҳаи он пардохт карда шавад, вагарна, шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи дарёфти даромади расмиро аз даст медиҳанд.
Як муҳоҷири тоҷик дар Русия гуфт, ҷараёни дарёфти ҳуҷҷат имсол дар он кишвар печида ва тӯлонӣ шудааст. Ӯ афзуд, "агар як сол пеш ҷараёни супоридани ҳуҷҷатҳо 15 дақиқа вақт мегирифт, имсол барои як муҳоҷир ин ҷараён 45 дақиқа вақт мегирад. Барои ҳамин навбатпойӣ тӯлонӣ мешавад.”
Илова ба ин, қонунгузории муҳоҷират дар Русия дар охири соли 2024 ва аввали соли 2025 сахттар шуд.
Ирина Волк, сухангӯи ВКД-и Русия, хабар дод, ки ҳудуди 700 ҳазор муҳоҷир, асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, шомили рӯйхати “шахсони зери назорат” ҳастанд. Ин муҳоҷирон то 30-юми апрел вақт доранд, ки будубоши худро дар Русия қонунӣ гардонанд, вагарна ронда хоҳанд шуд.