Як кас ҷон бохт, 29 хона зарар дид. Заминларза дар Тоҷикистон

Пайомади заминларза дар минтақаи Рашт

Пайомади заминларза дар минтақаи Рашт

Дар пайи заминларзаи субҳи 13-уми апрел дар Тоҷикистон як ноболиғ ба ҳалокат расида, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст. Дар ин бора аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Абдуғанӣ Машрабови сесола, сокини деҳаи Уштурпасти ноҳияи Рашт “зери девори хонаи истиқоматӣ монда,” ҷон бохтааст.

Манбаъ мегӯяд, 17 хона ва як мактаб дар ноҳияи Рашт ва 12 манзили дигар дар ноҳияи Тоҷикобод осеб дидаанд. Ин омор ҳар соат метавонад тағйир ёбад.

Мақомот гуфтанд, комиссияи вижа зарари расида аз заминҷунбиро ҳисоб дорад. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳам ба минтақаи Рашт рафтааст.

Дар наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки дар пайи ҷунбидани замин, баъзе хонаҳо зарари ҷиддӣ дидаанд. Азҷумла дар як навор дида мешавад, ки як тарафи девори хона чаппа шудааст. Дар навори дигар ҳам як сокини минтақаи Рашт мегӯяд, деворҳои манзилаш кафида, хона садамавӣ шудааст.

Заминларза соати 9-24-и рӯзи 13-уми апрел рух дода, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод. Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ, маркази заминларза дар 21-километрии ноҳияи Рашт ва дар ҳудуди Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.

Сокинони вилояти Суғд ва Хатлон ҳам дар Фейсбук навиштанд, ҷунбидани заминро ҳис кардаанд. Аммо ба ҷуз минтақаи Рашт, аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар бораи хисорот маълумот нарасидааст.

Ба иттилои Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ, зуҳри 13-уми апрел дар минтақаи Рашт ду маротибаи дигар заминҷунбӣ сабт шудааст. Мақомот гуфтанд, қувваи ду заминларза дар минтақаи Рашт 3-4 баллро ташкил дода, ҷунбидани замин дар Душанбе ҳис нашудааст.

Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда буд. Азҷумла соли 2021 бар асари зилзила 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида буданд. Пеш аз он, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб диданд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.

Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Оқибати заминларза дар минтақаи Рашт